4 шабакаи телевизиониву 53 нашрия: мақомоти Хатлон аз рушди ВАО дар вилоят таъкид кард

© Правительство Кыргызской республикиВидеооператоры во время съемки
Видеооператоры во время съемки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон 60 воситаи ахбори омма фаъолияти пурмаҳсул анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид доштааст, ки ҳоло дар вилоят 4 шабакаи телевизионӣ фаъолият дораду 53 нашрияи расӣ нашр мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Намоишсарои Лоҳутӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2017
Матбуоти тоҷик 105-сола мешавад: бузургдошти Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон, дар баробари шабакаҳои телевизионию интернетӣ ва матбуоти даврии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар вилоят инчунин 4 шабакаи телевизионии маҳаллӣ – шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ТВ “Хатлон”, ТВ “Кӯлоб”, телевизионҳои мустақили шаҳри Бохтар – “Қӯрғонтеппа” ва “Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ, радиои вилоятии “Радиои Хатлон”, радиои “Кӯлоб” рӯйи мавҷ баромада, 53 адад нашрияҳои расмӣ (48 нашрия ва 5 маҷалла) нашр мегардан.
Аз ҷумла Қурбон Ҳакимзода қайд кардааст, ки агар солҳои 1992-1997-ро давраи мушкил ва рӯ ба рукуди матбуоти маҳаллии Тоҷикистон номем, солҳои 1997-2004-ро оғози давраи эҳёи матбуоти маҳал ва аз соли 2005 ба ин тарафро марҳилаи рушди босуботи матбуоти даврии вилояти Хатлон ҳисобидан мумкин аст.
Ҳамзамон раиси вилоят таъкид доштааст, ки дар баробари фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ дар вилоят наздик ба 50 сомонаи расмии ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ҳамарӯза аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят хабару гузоришҳо омода намуда, дастраси хонандагон ва тамошобинону шунавандагон мегардонанд.
Лентаи хабарҳо
0