https://sputnik.tj/20210507/tramp-shabakai-ijtimoi-runamoi-1039305241.html
Трамп шабакаи иҷтимоии худро рӯнамоӣ кард
Трамп шабакаи иҷтимоии худро рӯнамоӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури собиқи Амрико дар рӯзҳои поёнии раёсаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳрим шуда буд, ахиран аз ифтитоҳи шабакаи иҷтимоии худ хабар дод
2021-05-07T09:45+0500
2021-05-07T09:45+0500
2021-05-07T10:12+0500
дар ҷаҳон
има
амрико
шабакаи иҷтимоӣ
трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154253_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_4b20c5b5bfaa1e1502b5020d79b7791f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Доналд Трамп аз роҳандозии шабакаи иҷтимоии худ бо номи From the Desk of Donald J. Trump хабар дод, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам.Трамп бо интишори видеои ин шабакаи иҷтимоии ҷадидро "маконе барои сӯҳбати озодона ва бехатар " тавсиф кард. Вай бо хондани матне дар ин паёми видиёӣ гуфт, ки дар замони сукут ва дурӯғҳо, чароғе аз озодӣ сар бармеоварад. Бар асоси гузоришҳо, ин шабакаи иҷтимоӣ фурсатеро барои раисҷумҳури собиқи Амрико фароҳам меоварад то паёмҳо, тасовиру видеоҳоеро мунташир кунад, аммо дар он имкони посух додан барои боздидкунандагон фароҳам нашудааст ва иртиботи Трамп бо мухотабонаш як турфа аст. Пас аз ҳамалоти рӯзи 6 январи 2021 тарафдорони Трамп ба Конгресс, шабакаҳои иҷтимоии Твиттер, Фейсбук, Инстаграмм, Ютюб ва Снапчат тасмим гирифтанд ба далели истифодаи Трамп аз ин шабакаҳо барои таблиғи хушунат, тамоми сафҳаҳои раисҷумҳурии собиқи Амрикоро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ бибанданд. Дар ҳоле, ки имкон дорад сафҳаҳои Трамп дар Фейсбук ва Инстаграмм аз ҳолати таълиқ хориҷ шавад, аммо шабакаи иҷтимоии Твиттер эълом кардааст, ки сафҳаи Трампро дар ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳамеша бастааст.
https://sputnik.tj/20210420/tramp-dubora-prezident-amriko-1038809065.html
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154253_122:0:2853:2048_1920x0_80_0_0_1d6bad01a97b03d66ee10296af8df876.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, амрико, шабакаи иҷтимоӣ, рунамоӣ
има, амрико, шабакаи иҷтимоӣ, рунамоӣ
Трамп шабакаи иҷтимоии худро рӯнамоӣ кард
09:45 07.05.2021 (Навсозишуда: 10:12 07.05.2021) Раисҷумҳури собиқи Амрико дар рӯзҳои поёнии раёсаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳрим шуда буд, ахиран аз ифтитоҳи шабакаи иҷтимоии худ хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Доналд Трамп аз роҳандозии шабакаи иҷтимоии худ бо номи From the Desk of Donald J. Trump хабар дод, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам.
Трамп бо интишори видеои ин шабакаи иҷтимоии ҷадидро "маконе барои сӯҳбати озодона ва бехатар " тавсиф кард.
Вай бо хондани матне дар ин паёми видиёӣ гуфт, ки дар замони сукут ва дурӯғҳо, чароғе аз озодӣ сар бармеоварад.
Бар асоси гузоришҳо, ин шабакаи иҷтимоӣ фурсатеро барои раисҷумҳури собиқи Амрико фароҳам меоварад то паёмҳо, тасовиру видеоҳоеро мунташир кунад, аммо дар он имкони посух додан барои боздидкунандагон фароҳам нашудааст ва иртиботи Трамп бо мухотабонаш як турфа аст.
Пас аз ҳамалоти рӯзи 6 январи 2021 тарафдорони Трамп ба Конгресс, шабакаҳои иҷтимоии Твиттер, Фейсбук, Инстаграмм, Ютюб ва Снапчат тасмим гирифтанд ба далели истифодаи Трамп аз ин шабакаҳо барои таблиғи хушунат, тамоми сафҳаҳои раисҷумҳурии собиқи Амрикоро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ бибанданд.
Дар ҳоле, ки имкон дорад сафҳаҳои Трамп дар Фейсбук ва Инстаграмм аз ҳолати таълиқ хориҷ шавад, аммо шабакаи иҷтимоии Твиттер эълом кардааст, ки сафҳаи Трампро дар ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳамеша бастааст.