https://sputnik.tj/20210420/tramp-dubora-prezident-amriko-1038809065.html
Трамп гуфт, ният дорад дубора президенти Амрико шавад
Трамп гуфт, ният дорад дубора президенти Амрико шавад
Sputnik Тоҷикистон
Доналд Трамп бар ин бовар аст, ки дар интихоботи навбатӣ теъдоди ҷонибдоронӣ ӯ бештар хоҳад шуд
2021-04-20T15:30+0500
2021-04-20T15:30+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар ҷаҳон
амрико
доналд трамп
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/03/1033126262_0:345:2415:1703_1920x0_80_0_0_8ebffdbb66b93fb384b364fbc8699222.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп дар мусоҳиба бо Fox News изҳор доштааст, ки номзадии худро дар интихоботи навбатии соли 2024 барои як давраи нави президентӣ пешбарӣ мекунад.Трамп тавзеҳ дод, ки аз нигоҳи қонунӣ, намехоҳад дар ин бора ҳоло таваққуф кунад, "чун интихоботи нав ҳанӯз "хеле дур" аст". Ҳамзамон, президенти собиқ боварӣ дорад, ки ин навбат ҳатман пирӯз мешавад. Ба таъкиди ӯ, дар интихоботи қаблӣ аз номзадии ӯ дасти кам 75 миллион раъйдиҳанда ҷонибдорӣ кард. "Ҳоло сафи онҳо ба маротиб бештар аст ва дастгирии мардумро бештар эҳсос мекунам", - афзудааст собиқ кишвардори ИМА.Ёдовар мешавем, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико рӯзи 3 ноябри соли гузашта баргузор шуд, ки ба бохти Доналд Трамп президенти он замон анҷом ёфт.Дар интихобот номзад аз Ҳизби демократҳо Ҷо Байден бо касби раъйи бештар ҳарифи худ Доналд Трампро шикаст ва ғолиби ин маъракаи муҳими сиёсӣ гардид.Зимнан, пас аз сари қудрат омадани Байден муносибатҳои ИМА ва Русия якбора сардтар шуд.Ҷо Байден ҳатто дар як мусоҳиба кишвардори Русияро "қотил" номид ва ҳушдор дод, ки Владимир Путин барои мудохила ба сиёсати Амрико ҳатман ҷавоб медиҳад.
https://sputnik.tj/20210420/tramp-munosibat-putin-oshkor-1038804315.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/03/1033126262_0:119:2415:1930_1920x0_80_0_0_d9d50904e8ebeabad49292496b3a76f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доналд трамп, амрико, президент, сиёсат
доналд трамп, амрико, президент, сиёсат
Трамп гуфт, ният дорад дубора президенти Амрико шавад
15:30 20.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Ба таъкиди ӯ, агар дар интихоботи қаблӣ аз номзадии ӯ 75 миллион нафар ҷонибдорӣ кард, ҳозир сафи онҳо бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп дар мусоҳиба бо Fox News изҳор доштааст, ки номзадии худро дар интихоботи навбатии соли 2024 барои як давраи нави президентӣ пешбарӣ мекунад.
Трамп тавзеҳ дод, ки аз нигоҳи қонунӣ, намехоҳад дар ин бора ҳоло таваққуф кунад, "чун интихоботи нав ҳанӯз "хеле дур" аст".
Ҳамзамон, президенти собиқ боварӣ дорад, ки ин навбат ҳатман пирӯз мешавад. Ба таъкиди ӯ, дар интихоботи қаблӣ аз номзадии ӯ дасти кам 75 миллион раъйдиҳанда ҷонибдорӣ кард.
"Ҳоло сафи онҳо ба маротиб бештар аст ва дастгирии мардумро бештар эҳсос мекунам", - афзудааст собиқ кишвардори ИМА.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико рӯзи 3 ноябри соли гузашта баргузор шуд, ки ба бохти Доналд Трамп президенти он замон анҷом ёфт.
Дар интихобот номзад аз Ҳизби демократҳо Ҷо Байден бо касби раъйи бештар ҳарифи худ Доналд Трампро шикаст ва ғолиби ин маъракаи муҳими сиёсӣ гардид.
Зимнан, пас аз сари қудрат омадани Байден муносибатҳои ИМА ва Русия якбора сардтар шуд.
Ҷо Байден ҳатто дар як мусоҳиба кишвардори Русияро "қотил" номид ва ҳушдор дод, ки Владимир Путин барои мудохила ба сиёсати Амрико ҳатман ҷавоб медиҳад.