https://sputnik.tj/20210502/qirghiziston-dargirihoi-marzi-parvanda-1039225056.html
Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз кард
Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Тафтишоти пешакиро мақомоти КДАМ, ВКД Қирғизистон ва Прокуратураи ҳарбии кишвар мебаранд 02.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-02T16:26+0500
2021-05-02T16:26+0500
2021-05-02T16:29+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1c/1039129805_0:191:1440:1001_1920x0_80_0_0_c64158bffcaf67f41c9bee9011a63e8b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабар дод, дар кишвар дар робита ба ҳодисаҳои марзӣ бо Тоҷикистон 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Бино бар иттилои манбаъ, муовини вазири корҳои дохилии кишвар Эркебек Аширхоҷаев ин қазияро шарҳ додааст.Бино бар иттилои вай, аз ҷумла оид ба "асиргирӣ"-и шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад."11 парванда бо моддаҳои "Одамкушӣ", "Ошӯб", "Ҷиноятҳо алайҳи сулҳ", " Авбошӣ" "Нақзи марз" ифтитоҳ шудааст", - таъкид кардааст муовини вазир.Ёдрас мешавем, пештар Прокуратураи генералии Қирғизистон изҳор дошта буд, ки бо далели даргириҳои рӯзи 29 апрел дар вилояти Бодканд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Прокуратура дар бораи "нақз"-и созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи муносибатҳои дӯстона ва шарикона аз 26 майи соли 2004 изҳор доштааст.Парванда бо моддаи 380 "Ҷинояти зидди сулҳ"- и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шудааст. Тафтишоти пешакиро гурӯҳи кормандони ниҳодҳои КДАМ, ВКД ва Прокуратураи ҳарбии Қирғизистон мебаранд.Феълан мақомоти Тоҷикистон дар ин изҳороти ҷониби Қирғизистон изҳори назар накардаанд ва дар бораи боз шудани ин ё он парвандаи монанда дар Тоҷикистон иттилое надодаанд.Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонВазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
https://sputnik.tj/20210502/qirghiziston-marzash-bo-tojikistonro-bast-1039224410.html
https://sputnik.tj/20210502/payomadi-nizo-marzro-tojikiston-qirgiziston-1039223520.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1c/1039129805_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_da36d04bc139ad9bf1f76b9aac1c692b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз
Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз кард
16:26 02.05.2021 (Навсозишуда: 16:29 02.05.2021) Тафтишоти пешакиро мақомоти КДАМ, ВКД Қирғизистон ва Прокуратураи ҳарбии кишвар мебаранд
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабар дод, дар кишвар дар робита ба ҳодисаҳои марзӣ бо Тоҷикистон 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, муовини вазири корҳои дохилии кишвар Эркебек Аширхоҷаев ин қазияро шарҳ додааст.
Бино бар иттилои вай, аз ҷумла оид ба "асиргирӣ"-и шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
"11 парванда бо моддаҳои "Одамкушӣ", "Ошӯб", "Ҷиноятҳо алайҳи сулҳ", " Авбошӣ" "Нақзи марз" ифтитоҳ шудааст", - таъкид кардааст муовини вазир.
Ёдрас мешавем, пештар Прокуратураи генералии Қирғизистон изҳор дошта буд, ки бо далели даргириҳои рӯзи 29 апрел дар вилояти Бодканд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Прокуратура дар бораи "нақз"-и созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи муносибатҳои дӯстона ва шарикона аз 26 майи соли 2004 изҳор доштааст.
Парванда бо моддаи 380 "Ҷинояти зидди сулҳ"- и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шудааст. Тафтишоти пешакиро гурӯҳи кормандони ниҳодҳои КДАМ, ВКД ва Прокуратураи ҳарбии Қирғизистон мебаранд.
Феълан мақомоти Тоҷикистон дар ин изҳороти ҷониби Қирғизистон изҳори назар накардаанд ва дар бораи боз шудани ин ё он парвандаи монанда дар Тоҷикистон иттилое надодаанд.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.