https://sputnik.tj/20210502/payomadi-nizo-marzro-tojikiston-qirgiziston-1039223520.html
Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон дод
Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори тоҷик Шаҳноза Комилзода оқибати таниш дар марзро бо чашмони худ диду аз ҷои ҳодиса навору акс нашр кард 02.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-02T14:38+0500
2021-05-02T14:38+0500
2021-07-07T18:30+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
баҳси марзӣ
рӯзноманигор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178422_58:0:1647:893_1920x0_80_0_0_0128f85d433c39c273437be957f71a2a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Рӯзноманигори тоҷик Шаҳноза Комилзода ба марзи Қирғизистон сафар кард, то шахсан оқибатҳои муноқишаи марзиро бубинад."Ман на ба лайкҳои ФБ ниёз дорам на ба PR-и худам. Ман як хабарнигорам ва вазифаи худамро анҷом мекунам - ХАБАРРАСОНӢ. Ва ба хотире, ки "коршиносони варзида" нагӯянд хабарро аз забони касе шунидаему, исбот кунем, ки шахсан шоҳиди ҳаводис ҳастем маҷбурем вуҷуди худро дар аксу видеоҳо нишон диҳем," - гуфт Шаҳноз Комилзода. Комилзода афзуд, ки ба минтақаи низоъ на ҳамчун хабарнигор, балки ба ҳайси намояндаи ҷомеаи Тоҷикистон рафт, то иттилоотро байни хабарҳои ду кишвар мувозанат кунад. Дар давоми рӯзе, ки рӯзноманигори тоҷик дар марз монд, ба ӯ муяссар шуд, ки хонаҳои харобшуда, пораҳои снаряд ва оқибатҳои сӯхторро нишон диҳад. Комилзода аз қавли сокинон мегӯяд, дар рӯзҳои охир дар деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркӯҳ беш аз шаш хона вайрон шудааст. Журналист инчунин нишонаҳои сӯхторро аксбардорӣ кардааст. "Инҳо боқимондаҳои снаряд аз силоҳанд, ки тамоми хонаи як сокини Хоҷа Аълоро хароб кардаанд", - менависад Шаҳноза Комилзода. Ӯ афзуд, ки дар наздикии он снаряди дигаре ёфт шуд - снаряди натаркида. Ёдрас мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд. Қисми сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад. Сабаб ин минтақаҳои ҷудошуда мебошад. Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
https://sputnik.tj/20210430/posbongohi-sarhadii-hojai-alo-tojikiston-qirgiziston-1039196959.html
https://sputnik.tj/20210502/tojikiston-qirghiziston-jang-davomdor-pul-nadorand-1039220732.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178422_257:0:1448:893_1920x0_80_0_0_910f040f86a5e66b6682e5b4e92b763d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, баҳси марзӣ, рӯзноманигор, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, баҳси марзӣ, рӯзноманигор, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон дод
14:38 02.05.2021 (Навсозишуда: 18:30 07.07.2021) Рӯзноманигори тоҷик Шаҳноза Комилзода оқибати таниш дар марзро бо чашмони худ диду аз ҷои ҳодиса навору акс нашр кард
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Рӯзноманигори тоҷик Шаҳноза Комилзода ба марзи Қирғизистон сафар кард, то шахсан оқибатҳои муноқишаи марзиро бубинад.
"Ман на ба лайкҳои ФБ ниёз дорам на ба PR-и худам. Ман як хабарнигорам ва вазифаи худамро анҷом мекунам - ХАБАРРАСОНӢ. Ва ба хотире, ки "коршиносони варзида" нагӯянд хабарро аз забони касе шунидаему, исбот кунем, ки шахсан шоҳиди ҳаводис ҳастем маҷбурем вуҷуди худро дар аксу видеоҳо нишон диҳем," - гуфт Шаҳноз Комилзода.
Комилзода афзуд, ки ба минтақаи низоъ на ҳамчун хабарнигор, балки ба ҳайси намояндаи ҷомеаи Тоҷикистон рафт, то иттилоотро байни хабарҳои ду кишвар мувозанат кунад.
Дар давоми рӯзе, ки рӯзноманигори тоҷик дар марз монд, ба ӯ муяссар шуд, ки хонаҳои харобшуда, пораҳои снаряд ва оқибатҳои сӯхторро нишон диҳад.
Комилзода аз қавли сокинон мегӯяд, дар рӯзҳои охир дар деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркӯҳ беш аз шаш хона вайрон шудааст.
Журналист инчунин нишонаҳои сӯхторро аксбардорӣ кардааст.
"Инҳо боқимондаҳои снаряд аз силоҳанд, ки тамоми хонаи як сокини Хоҷа Аълоро хароб кардаанд", - менависад Шаҳноза Комилзода.
Ӯ афзуд, ки дар наздикии он снаряди дигаре ёфт шуд - снаряди натаркида.
Ёдрас мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Қисми сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб ин минтақаҳои ҷудошуда мебошад. Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.