https://sputnik.tj/20210502/qirghiziston-marzash-bo-tojikistonro-bast-1039224410.html
Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро баст
Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро баст
Sputnik Тоҷикистон
Гузариш аз посгоҳҳои марзии амалкунанда ба далели амниятӣ мутаваққиф шудааст.
2021-05-02T15:28+0500
2021-05-02T15:28+0500
2021-05-02T15:52+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
сарҳад
баста
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/30/1031343006_0:150:3111:1900_1920x0_80_0_0_5de350afba4a3b0c45238711c80612c3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Қирғизистон кори дидбонгоҳҳо дар марз бо Тоҷикистонро мутаваққиф кард, менависад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон. Хабар дода мешавад, ки чунин чораҳо аз 29 апрел "ба хотири таъмини амният дар гузаргоҳҳо" андешида шудаанд. Маҳдуд шудани равуо ба шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу коло дахл дорад. Намояндаи хадамоти марзии Қирғизистон афзуд, ки вазъ дар сарҳади давлатӣ мӯътадил аст. Дар айни замон, кори комиссияи муштарак иборат аз афсарони шӯъбаҳои мудофиаи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷиҳати баровардани қувваҳои мусаллаҳ ва таҷҳизот аз хати сарҳади давлатӣ ба нуқтаҳои истиқомати доимӣ идома дорад. Ёдрас мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад. Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
https://sputnik.tj/20210502/payomadi-nizo-marzro-tojikiston-qirgiziston-1039223520.html
https://sputnik.tj/20210502/tojikiston-qirghiziston-jang-davomdor-pul-nadorand-1039220732.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/30/1031343006_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_7d817a6ae5288f8bc7a92a8d29846c02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, марз, тоҷикистон, баст
қирғизистон, марз, тоҷикистон, баст
Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро баст
15:28 02.05.2021 (Навсозишуда: 15:52 02.05.2021) Гузариш аз посгоҳҳои марзии амалкунанда ба далели амният мутаваққиф шудааст.
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Қирғизистон кори дидбонгоҳҳо дар марз бо Тоҷикистонро мутаваққиф кард, менависад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон.
Хабар дода мешавад, ки чунин чораҳо аз 29 апрел "ба хотири таъмини амният дар гузаргоҳҳо" андешида шудаанд.
Маҳдуд шудани равуо ба шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу коло дахл дорад.
Намояндаи хадамоти марзии Қирғизистон афзуд, ки вазъ дар сарҳади давлатӣ мӯътадил аст.
Дар айни замон, кори комиссияи муштарак иборат аз афсарони шӯъбаҳои мудофиаи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷиҳати баровардани қувваҳои мусаллаҳ ва таҷҳизот аз хати сарҳади давлатӣ ба нуқтаҳои истиқомати доимӣ идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад. Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.