https://sputnik.tj/20210502/prezident-suriya-afw-1039228178.html
Башор Асад гурӯҳе аз зиндониёнро авф кард: киҳоро?
Башор Асад гурӯҳе аз зиндониёнро авф кард: киҳоро?
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Сурия зиндониёнро авф мекунад.
2021-05-02T20:35+0500
2021-05-02T20:35+0500
2021-05-02T20:35+0500
дар ҷаҳон
сурия
фармон
башор асад
имзо
ховари миёна
авф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101775/97/1017759783_0:117:3584:2133_1920x0_80_0_0_feed99389d0b991554ac6cf3971373cf.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад фармон дар бораи авфи умумӣ дар кишварро барои ҷиноятҳои то 2 майи соли равон содиршуда имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раҳбари Сурия рӯзи якшанбе. Тибқи ин фармон, онҳое, ки барои ҷиноятҳо, аз қабили ришваситонӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳои расмӣ, фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд, инчунин ҷинояткорони ноболиғ таҳти афв қарор мегиранд. Ҳамчунин, фармон сабук кардани ҷазоро дар баъзе ҳолатҳо дар назар дорад. Масалан, ҳукми қатл ба ҳабси абад иваз карда мешавад ва онҳое ҳам, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, адои ҷазояшон то 20 сол кам карда мешавад. Қайд карда мешавад, ки афв ба онҳое, ки барои қочоқи силоҳ, хиёнат, ҷосусӣ ва терроризм, ки боиси талафоти одамон шудааст, роҳандозӣ намешавад. Тибқи ин фармон, онҳое, ки аз адолат пинҳон шудаанд, инчунин метавонанд дар сурати таслим шудан ба мақомот ба афв умед банданд. Ёдрас мешавем, ки моҳи март, Асад фармон дар бораи авфи сарбозони фирориро имзо карда буд.
https://sputnik.tj/20210316/humsi-syriya-pas-az-dah-sol-1033008896.html
https://sputnik.tj/20210413/kudakon-zanon-tojik-vatan-1038357887.html
сурия
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101775/97/1017759783_32:0:3584:2664_1920x0_80_0_0_a99e7b999747fed67483b75c0dfb404d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президенти сурия, фармон, афв, башор асад
президенти сурия, фармон, афв, башор асад
Башор Асад гурӯҳе аз зиндониёнро авф кард: киҳоро?
Президенти Сурия Башор Асад фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он қисме аз маҳкумшудагон аз адои ҷазо озод мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад фармон дар бораи авфи умумӣ дар кишварро барои ҷиноятҳои то 2 майи соли равон содиршуда имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раҳбари Сурия рӯзи якшанбе.
Тибқи ин фармон, онҳое, ки барои ҷиноятҳо, аз қабили ришваситонӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳои расмӣ, фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд, инчунин ҷинояткорони ноболиғ таҳти афв қарор мегиранд.
Ҳамчунин, фармон сабук кардани ҷазоро дар баъзе ҳолатҳо дар назар дорад.
Масалан, ҳукми қатл ба ҳабси абад иваз карда мешавад ва онҳое ҳам, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, адои ҷазояшон то 20 сол кам карда мешавад.
Қайд карда мешавад, ки афв ба онҳое, ки барои қочоқи силоҳ, хиёнат, ҷосусӣ ва терроризм, ки боиси талафоти одамон шудааст, роҳандозӣ намешавад.
Тибқи ин фармон, онҳое, ки аз адолат пинҳон шудаанд, инчунин метавонанд дар сурати таслим шудан ба мақомот ба афв умед банданд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи март, Асад фармон дар бораи авфи сарбозони фирориро имзо карда буд.