https://sputnik.tj/20210501/smm-istiqbol-guftugu-rahmon-jabborov-1039198420.html
Таассуфи СММ аз қурбониёни низои марзӣ ва истиқболаш аз гуфтугӯи Раҳмону Ҷабборов
Таассуфи СММ аз қурбониёни низои марзӣ ва истиқболаш аз гуфтугӯи Раҳмону Ҷабборов
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи махсуси дабири кулли Созмони милал оид ба Осиёи Марказӣ Наталя Герман ба мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бинобар муноқиша дар марз тамос гирифтааст
2021-05-01T01:39+0500
2021-05-01T01:39+0500
2021-05-01T01:39+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
смм
марз
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101987/59/1019875997_0:0:3202:1802_1920x0_80_0_0_a28ef172e208b56a1cd118189c3009a9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Фархан Хак, муовини намояндаи расмии дабири кулли созмони байналмилалӣ гуфт, СММ Тоҷикистон ва Қирғизистонро даъват кард, ки талошҳои худро барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳои марзӣ тақвият диҳанд.Ба гуфтаи ӯ, Герман дар робита бо маргу захмӣ шудани мардум изҳори таассуф кардааст. Фиристодаи вижа музокироти миёни президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қирғизистон Содир Ҷабборовро истиқбол кардааст. "Вай аз қадамҳои паст кардани шиддати вазъ изҳори пуштибонӣ кард ва аз ҳарду ҳукумат даъват кард, ки кӯшишҳои худро барои ёфтани ҳалли пойдори масоили баҳсҳои марзӣ бо роҳи осоишта тақвият диҳанд", - гуфт Ҳак.Низоъ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонДаргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид."Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.
https://sputnik.tj/20210430/nigaroni-siyosatshinos-tojik-dargiri-marz-tojikiston-qirgiziston-1039196072.html
https://sputnik.tj/20210430/sozish-yatimov-toshiev-bozpasgiri-tehnikavu-neru-1039187522.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101987/59/1019875997_471:0:3202:2048_1920x0_80_0_0_ffee2ff89f2eb617e03dec8b83344012.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, тоҷикистон, қирғизистон, низоъ, марз
смм, тоҷикистон, қирғизистон, низоъ, марз
Таассуфи СММ аз қурбониёни низои марзӣ ва истиқболаш аз гуфтугӯи Раҳмону Ҷабборов
Намояндаи махсуси дабири кулли Созмони милал оид ба Осиёи Марказӣ Наталя Герман ба мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бинобар муноқиша дар марз тамос гирифтааст
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Фархан Хак, муовини намояндаи расмии дабири кулли созмони байналмилалӣ гуфт, СММ Тоҷикистон ва Қирғизистонро даъват кард, ки талошҳои худро барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳои марзӣ тақвият диҳанд.
"Намояндаи махсуси дабири кулл дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман бо вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтугӯҳои телефонӣ барои баррасии вазъи кунунии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод",- гуфт Хак.
Ба гуфтаи ӯ, Герман дар робита бо маргу захмӣ шудани мардум изҳори таассуф кардааст.
Фиристодаи вижа музокироти миёни президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қирғизистон Содир Ҷабборовро истиқбол кардааст.
"Вай аз қадамҳои паст кардани шиддати вазъ изҳори пуштибонӣ кард ва аз ҳарду ҳукумат даъват кард, ки кӯшишҳои худро барои ёфтани ҳалли пойдори масоили баҳсҳои марзӣ бо роҳи осоишта тақвият диҳанд", - гуфт Ҳак.
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.