https://sputnik.tj/20210430/nigaroni-siyosatshinos-tojik-dargiri-marz-tojikiston-qirgiziston-1039196072.html
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори тоҷик аз мардум даъват кард, ки имкон диҳанд, то комиссияи босалоҳияти Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзиро бо дарназардошти манофеи ҳарду тараф ҳаллу фасл намоянд.
2021-04-30T22:19+0500
2021-04-30T22:19+0500
2021-06-10T13:43+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
нигаронӣ
қирғизистон
даъват
даргирӣ
марз
баҳси марзӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039196013_0:115:717:518_1920x0_80_0_0_d6f1ea736a2711ae52aa454b196370c7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Фирӯзи Рамазон, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон даргириҳо дар марзро шарҳ дода аз мардум даъват кард, ки аз ҷангу ҷидол даст кашида ва роҳи ҳалии осоиштаро пеша кунанд.Сиёсатшинос дар изҳороте, ки дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст мегӯяд, масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои охир доғи рӯз гаштааст ва афкори ҷомеа, хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда буда, ба бадбинии миллӣ аз ҳар ду ҷониб оварда расондааст.Ӯ мегӯяд бояд дар хотир дошт, ки бадбинӣ ва эҳсосот ҳеҷ гоҳ ба манфиати кор нест.Фирӯзи Рамазон мегӯяд, имрӯз ғурури миллӣ ва ватандории тоҷикон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки мавқеъи расмии давлати худро ҳимоя кунанд ва сиёсати президентро дар дилхоҳ мавзуъ, хусусан, масъалаи Ворух ҷонибдорӣ кунанд.Сиёсатшинос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ёдовар шуда, гуфтааст, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд".Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтандФирӯзи рамазон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин масъала ҳалли одилонаи худро меёбад ва ду миллати бо ҳам дӯсту бародар минбаъд низ дар муҳити суботу оромӣ, ки дар тӯли таърих доштаанд, умр ба сар хоҳанд бурд.Вазъ дар марзВазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомонӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.
https://sputnik.tj/20210430/rahmon-jabborov-prezident-qirghiziston--1039187435.html
https://sputnik.tj/20210430/jang-oghoz-oson-murojiatnoma-jabborov-mardum-1039195353.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039196013_0:48:717:585_1920x0_80_0_0_aa17f8913498e5402817c4110cb24b8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, даргирӣ дар марз, баҳси марзӣ, сулҳу субот, даъват, нигаронӣ
тоҷикистон, қирғизистон, даргирӣ дар марз, баҳси марзӣ, сулҳу субот, даъват, нигаронӣ
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"
22:19 30.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Сиёсатмадори тоҷик аз мардум даъват кард, ки имкон диҳанд, то комиссияи босалоҳияти Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзиро бо дарназардошти манофеи ҳарду тараф ҳаллу фасл намоянд.
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Фирӯзи Рамазон, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон даргириҳо дар марзро шарҳ дода аз мардум даъват кард, ки аз ҷангу ҷидол даст кашида ва роҳи ҳалии осоиштаро пеша кунанд.
Сиёсатшинос дар изҳороте, ки дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст мегӯяд, масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои охир доғи рӯз гаштааст ва афкори ҷомеа, хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда буда, ба бадбинии миллӣ аз ҳар ду ҷониб оварда расондааст.
Ӯ мегӯяд бояд дар хотир дошт, ки бадбинӣ ва эҳсосот ҳеҷ гоҳ ба манфиати кор нест.
"Имрӯз барои ҳар фарди бонангу номуси тоҷик фарз аст, ки дар ҳимоя аз марзу буми Ватани аҷдодӣ камари ҳиммат бандад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки бадбинӣ ва эҳсосот ҳеҷ гоҳ ба манфиати кор нахоҳад буд. Нангу номус ва ғурури миллӣ болотар аз эҳсосот буда, қодир аст ҳар бадбахтиро ба хушбахтӣ табдил диҳад".
Фирӯзи Рамазон
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон
Фирӯзи Рамазон мегӯяд, имрӯз ғурури миллӣ ва ватандории тоҷикон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки мавқеъи расмии давлати худро ҳимоя кунанд ва сиёсати президентро дар дилхоҳ мавзуъ, хусусан, масъалаи Ворух ҷонибдорӣ кунанд.
Сиёсатшинос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ёдовар шуда, гуфтааст, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд".
Фирӯзи рамазон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин масъала ҳалли одилонаи худро меёбад ва ду миллати бо ҳам дӯсту бародар минбаъд низ дар муҳити суботу оромӣ, ки дар тӯли таърих доштаанд, умр ба сар хоҳанд бурд.
Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомонӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.