https://sputnik.tj/20210501/reviziya-rahmon-jabborov-tojikiston-qirgiziston-1039207749.html
Ревизия: Раҳмону Ҷабборов барои санҷиши қувваи ҳамдигар дар марз созиш кардаанд
Ревизия: Раҳмону Ҷабборов барои санҷиши қувваи ҳамдигар дар марз созиш кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон созиш кардаанд, ки комиссияи махсус барои санҷиши тарафайни техника дар наздикии марз ташкил карда хоҳад шуд 01.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-01T15:17+0500
2021-05-01T15:17+0500
2021-05-01T17:42+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
қирғизистон
марз
мулоқот
сарҳад
созиш
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102391/56/1023915689_86:0:3359:1841_1920x0_80_0_0_a57764408ed5f2d29eb5f6c481572cf8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад. Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад. Роҳбарон зикр кардаанд, ки дар айни ҳол Комиссияи байниҳукуматӣ барои ҳалли масоили мавҷуда кор бурда истодаанд. Президентҳо махсусан таъкид намудаанд, ки ба иғвоангезиҳое, ки вазъро ноором месозанд, набояд роҳ дод. Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як иттилоия ба ҳолати 12:45 дақиқаи 1 май, вазъро дар марз мураккаб арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки низомиёни тоҷик дар мавзеи Аркаи ноҳияи Лейлек сӯи хонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки қаблан сокинонашон ба дигар ҷой кӯчонда шуданд, оташ кушодаанд. Таъкид шудааст, ки нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати мудофиавӣ қарор гирифтаанд. Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик, иддао дар бораи тирпарронӣ дар марзро рад намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон тибқи тавофуқи ҳосилшуда, техникаю нерӯҳоро аз марз берун кашид, аммо тавре маълум шуд, ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин корро анҷом надодааст. Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад. Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20210501/rahmon-toqaev-marz-muloqt-1039206665.html
https://sputnik.tj/20210501/rotashbasu-gardondani-neru-prezident-tojikiston-qirghiziston-1039204739.html
https://sputnik.tj/20210430/posbongohi-sarhadii-hojai-alo-tojikiston-qirgiziston-1039196959.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102391/56/1023915689_495:0:2950:1841_1920x0_80_0_0_296bef120e79d727906bb742b91f38b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, эмомалӣ раҳмон, қирғизистон, марз, мулоқот, сарҳад, созиш, содир ҷабборов
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, эмомалӣ раҳмон, қирғизистон, марз, мулоқот, сарҳад, созиш, содир ҷабборов
Ревизия: Раҳмону Ҷабборов барои санҷиши қувваи ҳамдигар дар марз созиш кардаанд
15:17 01.05.2021 (Навсозишуда: 17:42 01.05.2021) Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон созиш кардаанд, ки комиссияи махсус барои санҷиши тарафайни техника дар наздикии марз ташкил карда хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад.
Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад.
"Президентҳо созиш кардаанд, ки Комиссияи муштарак барои ревизияи техникаи низомӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда мешавад", - таъкид кардаст котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
Роҳбарон зикр кардаанд, ки дар айни ҳол Комиссияи байниҳукуматӣ барои ҳалли масоили мавҷуда кор бурда истодаанд.
Президентҳо махсусан таъкид намудаанд, ки ба иғвоангезиҳое, ки вазъро ноором месозанд, набояд роҳ дод.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як иттилоия ба ҳолати 12:45 дақиқаи 1 май, вазъро дар марз мураккаб арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки низомиёни тоҷик дар мавзеи Аркаи ноҳияи Лейлек сӯи хонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки қаблан сокинонашон ба дигар ҷой кӯчонда шуданд, оташ кушодаанд.
Таъкид шудааст, ки нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати мудофиавӣ қарор гирифтаанд.
Аммо манбаи
Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик, иддао дар бораи тирпарронӣ дар марзро рад намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон тибқи тавофуқи ҳосилшуда, техникаю нерӯҳоро аз марз берун кашид, аммо тавре маълум шуд, ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин корро анҷом надодааст.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд.
Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.