Суҳбати дубораи Раҳмону Ҷабборов: таъкид ба оташбаси комилу гардондани нерӯҳо

© пресс-служба президентаЭмомали Рахмон, Президент Таджикистана
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов, боз суҳбати телефонӣ анҷом дода, роияи оташбасу гардондани нерӯҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов амалӣ гардонидани мувофиқаҳои ҳосилшуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд, иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

"Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои доимии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд", - таъкид кардааст котиботи Эмомалӣ Раҳмон.

Президентҳо, ҳамчунин атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд. Котиботи Эмомалӣ Раҳмон тафсилоти дигари суҳбатро ироа накардааст.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як иттилоия ба ҳолати 12:45 дақиқаи 1 май, вазъро дар марз мураккаб арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки низомиёни тоҷик дар мавзеи Аркаи ноҳияи Лейлек сӯи хонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки қаблан сокинонашон ба дигар ҷой кӯчонда шуданд, оташ кушодаанд. Таъкид шудааст, ки нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати мудофиавӣ қарор гирифтаанд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз ором аст, вале Қирғизистон то ҳол техникаҳои ҳарбияшро накӯчонидааст
Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик, иддао дар бораи тирпарронӣ дар марзро рад намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон тибқи тавофуқи ҳосилшуда, техникаю нерӯҳоро аз марз берун кашид, аммо тавре маълум шуд, ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин корро анҷом надодааст.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0