https://sputnik.tj/20210501/rahmon-toqaev-marz-muloqt-1039206665.html
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
2021-05-01T14:45+0500
2021-05-01T14:45+0500
2021-05-01T14:47+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қазоқистон
қирғизистон
марз
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102902/52/1029025204_0:0:2985:1679_1920x0_80_0_0_ca34452c8250215ab41ede4bb237a76c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Бино ба иттилои котиботи президенти Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев аз вазъи пуршиддат дар марз бо Қирғизистон, ки ба амнияти ҳам давлатҳои ҳамсоя ва ҳам шаҳрвандони онҳо таҳдид мекунад, изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, ҳоло нишон додани худдорӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиши амалиёти низомӣ ниҳоят муҳим аст.Қосим Ҷомарт Тоқаев аз созиш дар бораи баргузории як ҳамоиш дар Душанбе бо ҳадафи ба даст овардани созишҳои оқилона барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда истиқбол кард. Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи таърихи муноқишаи марзӣ ва вазъи кунунии марз муфассал иттилоъ дод. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади мубодилаи афкор оид ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ робитаҳои доимии корӣ доранд. Идораҳои дахлдори ду кишвар дар самти омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳо кор хоҳанд кард.Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона ширкат мекунадДаргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
https://sputnik.tj/20210501/rotashbasu-gardondani-neru-prezident-tojikiston-qirghiziston-1039204739.html
қазоқистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102902/52/1029025204_26:0:2757:2048_1920x0_80_0_0_d12a620364da5ed8c53f2df5e3aa2384.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, раҳмон, тоқаев, мулоқот, марз
тоҷикистон, қирғизистон, раҳмон, тоқаев, мулоқот, марз
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
14:45 01.05.2021 (Навсозишуда: 14:47 01.05.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Бино ба иттилои котиботи президенти Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев аз вазъи пуршиддат дар марз бо Қирғизистон, ки ба амнияти ҳам давлатҳои ҳамсоя ва ҳам шаҳрвандони онҳо таҳдид мекунад, изҳори нигаронӣ кард.
"Президенти Қазоқистон иброз дошт, ки чунин масъалаҳои мураккаб, аз қабили гузариши хати сарҳад бояд дар ҷараёни гуфтушуниди созанда, дар рӯҳияи эътимод ва дӯстии тарафайн ҳал карда шаванд", - афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи вай, ҳоло нишон додани худдорӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиши амалиёти низомӣ ниҳоят муҳим аст.
Қосим Ҷомарт Тоқаев аз созиш дар бораи баргузории як ҳамоиш дар Душанбе бо ҳадафи ба даст овардани созишҳои оқилона барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда истиқбол кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи таърихи муноқишаи марзӣ ва вазъи кунунии марз муфассал иттилоъ дод.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади мубодилаи афкор оид ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ робитаҳои доимии корӣ доранд. Идораҳои дахлдори ду кишвар дар самти омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳо кор хоҳанд кард.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.