Ҷангро оғоз кардан осон, аммо: муроҷиатномаи Ҷабборов ба мардум баъди суҳбат бо Раҳмон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии
Пресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар пайи суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон бо як баёния ба мардуми кишвараш муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Содир Ҷабборов дар робита ба вазъи марз бо Тоҷикистон аз мардуми кишвараш хостааст, ба эҳсос дода нашаванд.
Ӯ дар муроҷиатнома, ки котиботаш нашр кардааст, изҳор доштааст, ки бо вуҷуди талошҳо барои ҳифзи сулҳ ва субот, баъзе нерӯҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ошӯбҳо барангехтанд.

“Мардумҳои мо бо сулҳ ва эҳтироми тарафайн тавсиф карда мешаванд ва таърихи чандинасра инро собит кардааст. Тасодуфӣ нест, ки дӯстии ду халқ дар достони Манас тавассути муҳаббати Манас ва Хоникей инъикос ёфтааст"- қайд кард Ҷабборов .

Президенти Қирғизистон бо изҳори тасаллият ба наздикони қурбониён таъкид намудааст, ки ҷангро оғоз кардан осон аст, аммо қатъ кардан душвор аст. Ӯ аз суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр карда, афзуд, ба мувофиқа расиданд, ки мушкилоти марзӣ ва дигар масоилро бо роҳи осоишта, тавассути музокирот ҳал мекунанд.
Навори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар даргирии марзӣ бо ҷониби Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Ному акси тоҷикистониҳои ҳалокшуда: қурбониёни умумии даргирӣ ба 40 нафар расид – видео
“Мехоҳам ба ҷавонон ва шаҳрвандони ватандӯсти мо ташаккур гӯем, ки онҳо ташаббус нишон дода, ният доштанд ба Бодканд барои расонидани кӯмак бираванд. Дар айни замон, ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки ба эҳсосот дода нашаванд. Мо ҳама чизро бо роҳи сулҳ ҳал хоҳем кард! " – таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф шудаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0