https://sputnik.tj/20210429/sarvaziron-tojikiston-qirghiziston-rohi-hall-mushkilot-muzokirot-1039162165.html
Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон: ягона роҳи ҳалли мушкилоти марзӣ ин музокирот аст
Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон: ягона роҳи ҳалли мушкилоти марзӣ ин музокирот аст
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо ҳамтои қирғизаш барои ҳалли муноқишаи марзӣ як нишасти изтирорӣ баргузор кард
2021-04-29T21:38+0500
2021-04-29T21:38+0500
2021-04-29T21:59+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
қоҳир расулзода
сарвазир
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032478620_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_1e627471bf8f75a99342a2b99f1ea958.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Қирғизистон Улукбек Марипов мулоқоти дуҷонибаи ғайринақшавӣ бахшида ба ҳалли муноқиша дар марзро баргузор карданд.Дар ҷараёни музокирот сарвазирони ду кишвар қайд карданд, ки истифодаи қувва дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ғайриқобили қабул аст ва зарурати андешидани чораҳои фаврӣ барои пешгирии ташдиди минбаъдаи низоъро изҳор доштанд.Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
https://sputnik.tj/20210429/vazorati-difo-munoqisha-jang-1039158939.html
https://sputnik.tj/20210429/vaziron-korhoi-horij-suhbat-tojikiston-otashbas-1039160044.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032478620_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_59ef5db502c9dea81ac7f772aa66dd42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша, марз, музокирот, сарвазир
тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша, марз, музокирот, сарвазир
Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон: ягона роҳи ҳалли мушкилоти марзӣ ин музокирот аст
21:38 29.04.2021 (Навсозишуда: 21:59 29.04.2021) Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо ҳамтои қирғизаш барои ҳалли муноқишаи марзӣ як нишасти изтирорӣ баргузор кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Қирғизистон Улукбек Марипов мулоқоти дуҷонибаи ғайринақшавӣ бахшида ба ҳалли муноқиша дар марзро баргузор карданд.
"Дар мулоқот сарони ҳукуматҳои ду кишвар вазъи кунунии дар марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо омодагии комили худро барои зудтар ҳал кардани вазъ дар марзи ду ҷумҳурӣ тавассути гуфтушунид изҳор карданд", - иттилоъ додааст ҳукумати Қирғизистон.
Дар ҷараёни музокирот сарвазирони ду кишвар қайд карданд, ки истифодаи қувва дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ғайриқобили қабул аст ва зарурати андешидани чораҳои фаврӣ барои пешгирии ташдиди минбаъдаи низоъро изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.