Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати дифоъ: “Ин муноқиша аст, ҷанги ду кишвар нест”

© Кайрат ЖапаровВоеннослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Ҳарчанд мақомоти ду кишвар ба таври мукаррар эълом медоранд, ки ҷонибдори ҷанг нестанд ва ин буҳронро бо сулҳу салоҳ пушти сар мекунанд, даргириҳо идома доранд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи эъзоми нерӯҳои иловагӣ ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро рад кард
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои низомии Тоҷикистон, он гуна ки қоидаи низомӣ тақозо мекунад, вобаста ба арзу тӯл ва хатарҳои эҳтимолӣ дар имтидоди марзҳои кишвар мустақар шудаанд, аз ин хотир, мо аслан зарурати кашидани нерӯҳо ба марз бо Қирғизистонро надорем.
“Ба мо ҳам маълум аст, ки ҳамсояҳои мо чӣ қадар нерӯ доранд. Вобаста аз онҳо, мо дар баробари онҳо нерӯи худро мустақар мекунем. Ин як қоидаи одӣ аст”, - гуфт Фаридун Маҳмадалиев.
Даргириҳои бесобиқа ва мудаввом дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дирӯз шурӯъ шуда, имрӯз 29 апрел идома доранд, ин андешаҳоро ба вуҷуд овардааст, ки миёни ин ду ҳамсоякишвар ҷанги тамомайёр ба роҳ андохтааст.
Ҳарчанд мақомоти ду кишвар ба таври мукаррар эълом медоранд, ки ҷонибдори ҷанг нестанд ва ин буҳронро бо сулҳу салоҳ пушти сар мекунанд, даргириҳо идома доранд ва анҷоми онҳо маълум нест.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳолати вижа гузаштанд
Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, он чӣ дар марз иттифоқ афтодааст, фақат муноқишаи марзӣ ба хотири ҳалли мушкили дохилӣ аст ва зарурати мунсаҷим сохтани нерӯи бештарро ҳам надорад.
“Ин як ҷанги тамомайёр ё бурунмарзӣ нест, ки мо бихезему нерӯи изофӣ кашему танку тӯп барорем ва тайёраҳоро ба парвоз дарорем. Он тараф ҳам дар як ҷанг манфиат надорад, ин тараф ҳам. Аз ҷанг чӣ ба даст меорем? Харобӣ, кушта шудани мардуми бегуноҳ, беваву ятим мондани одамон? Ҳеҷ кас намехоҳад, на мо, на қирғизҳо”, - гуфт Фаридун Маҳмадалиев.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, то ба ҳол раҳбарони сиёсиву низомии раддаи аввали ду кишвар тариқи тамосҳои телефонӣ гуфтугӯҳое ба хотири фурӯкаш кардани даргириҳо дар марз кардаанд, аммо ин ҳамаро ҳеҷ як аз манобеъи расмӣ таъйид ё такзиб намекунад.
Лентаи хабарҳо
0