https://sputnik.tj/20210429/sadoi-tir-khomush-shud-isfara-qirghiziston-orom-1039164785.html
Садои тир хомӯш шуд: вазъ дар сарҳади миёни Исфара ва Қирғизистон ором аст
Садои тир хомӯш шуд: вазъ дар сарҳади миёни Исфара ва Қирғизистон ором аст
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони наздимарзии Исфара мегуянд, ҳудуди ду соат ба ин тарф вазъ дар марз то андозае ором ва садои тирпарронӣ ҳам ба пуррагӣ хомӯш шудааст
2021-04-29T23:59+0500
2021-04-29T23:59+0500
2021-04-30T00:06+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
суғд
вазъ
тир
ором
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039155752_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_b1517364ebe4e12a4b0f7d4db7aaf0ec.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Манобеъ аз деҳаи Хоҷаи Аъло, макони аслии муноқишаи марзӣ изҳор намуданд, ки аз шом ба ин тараф ҳама ҷойи ин деҳа ором аст. Дар ҳамин ҳол сокинон аз деҳоти Чоркӯх ва Воруху ҷамоати Сурх ҳам дар бораи ором шудани вазъ таъкид варзиданд. Ба гуфтаи сокинон дар ҳоли ҳозир мақомоти сарҳадбонӣ аз ду ҷониб вазъро таҳти назорат қарор додаанд. Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар марз дар наздикии маркази тақсими оби "Головной", ки онро дар Исфара “Плотина” меноманд муноқиша карданд. Субҳи имрӯз, оташи ин муноқиша баланд шуд ва ба дигар деҳоти наздимарзии Исфара бо Қирғизистон доман паҳн кард. Дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, се нафар кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ шуданд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон манбаъҳо дар маъмурияти Исфара.Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Манбаъҳои ғайрирасмӣ дар бораи талафоти ҷонӣ аз ҳар ду тараф таъкид мекунанд. То ба ҳол шумори возеҳи қурбониён ва захминшудагон расман шарҳ дода нашудааст. Муноқиша, ки аз сангзанӣ саш шуда то ба тирпарронӣ аз ҳардуҷониб боис гардид, баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо аз тарафи худ мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд. Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ (нейтралная зонна) барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд. Дар ин вохурӣ ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд. Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
https://sputnik.tj/20210429/dargiri-ovchi-qalacha-tojikiston-qirgiziston-1039163154.html
https://sputnik.tj/20210429/sarvaziron-tojikiston-qirghiziston-rohi-hall-mushkilot-muzokirot-1039162165.html
қирғизистон
суғд
ором
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039155752_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d03aded5f72580405554a734bc38383b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, вазъ, ором
тоҷикистон, қирғизистон, вазъ, ором
Садои тир хомӯш шуд: вазъ дар сарҳади миёни Исфара ва Қирғизистон ором аст
23:59 29.04.2021 (Навсозишуда: 00:06 30.04.2021) Сокинони наздимарзии Исфара мегуянд, ҳудуди ду соат ба ин тарф вазъ дар марз то андозае ором ва садои тирпарронӣ ҳам ба пуррагӣ хомӯш шудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Манобеъ аз деҳаи Хоҷаи Аъло, макони аслии муноқишаи марзӣ изҳор намуданд, ки аз шом ба ин тараф ҳама ҷойи ин деҳа ором аст.
“Садои тир хомӯш шуд. Ҳоло вазъ дар ҳама ҷой ором ба назар мерасад”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол сокинон аз деҳоти Чоркӯх ва Воруху ҷамоати Сурх ҳам дар бораи ором шудани вазъ таъкид варзиданд.
Ба гуфтаи сокинон дар ҳоли ҳозир мақомоти сарҳадбонӣ аз ду ҷониб вазъро таҳти назорат қарор додаанд. Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар марз дар наздикии маркази тақсими оби "Головной", ки онро дар Исфара “Плотина” меноманд муноқиша карданд.
Субҳи имрӯз, оташи ин муноқиша баланд шуд ва ба дигар деҳоти наздимарзии Исфара бо Қирғизистон доман паҳн кард.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, се нафар кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ шуданд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон манбаъҳо дар маъмурияти Исфара.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Манбаъҳои ғайрирасмӣ дар бораи талафоти ҷонӣ аз ҳар ду тараф таъкид мекунанд. То ба ҳол шумори возеҳи қурбониён ва захминшудагон расман шарҳ дода нашудааст. Муноқиша, ки аз сангзанӣ саш шуда то ба тирпарронӣ аз ҳардуҷониб боис гардид, баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад.
Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо аз тарафи худ мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ (нейтралная зонна) барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Дар ин вохурӣ ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.