Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон Тоҷикистонро ба тирпарронии шадид муттаҳам кард

© Facebook / Мирзосодик СангиновТаниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон дар тирпарронӣ аз миномёт, пулемёт ва автомат истифода кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон Тоҷикистонро ба тирпарронии шадид муттаҳам кард.
Дафтари матбуоти КДАМ Қирғизистон, баъди зӯҳри имрӯз, 29 апрел гузориш дод, ки гӯё, "Қӯшунҳои марзбонӣ ва нерӯҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ба ҷониби нуқтаи обтақсимкунии "Головной" аз соати 14:00 ба тирпарронии шадид сар кардаанд".
Гуфта мешавад, онҳо аз "миномёт, пулемёт ва автомат истифода мекунанд".
Расонаҳои кишвар менависанд, роҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба минтақаи даргирӣ рафтааст.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев аз роҳаш бозгашт: ӯ гуфт, дар ризоият ғолиб меоянд
Ин дар ҳолест, ки пештар КДАМ Тоҷикистон фавран хабар дод, ки низомиёни қирғиз ба сӯи сарҳадбонони тоҷик тир кушоданд.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 29-уми апрел, соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии "Головной", воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.
"Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии "Головной"-ро ба роҳ мондааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Гуфта мешавад, тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.
Дар ҳамин ҳол, манбаи Sputnik Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки аз ҷониби Тоҷикистон раиси шаҳри исфара ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло навҷувонов дар минтақаи таниш қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0