https://sputnik.tj/20210429/toshiev-olmon-marz-tojikiston-kirqiziston-1039148744.html
Тошиев аз роҳаш бозгашт: ӯ гуфт, дар ризоият ғолиб меоянд
Тошиев аз роҳаш бозгашт: ӯ гуфт, дар ризоият ғолиб меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Сардори КДАМ барои табобат гирифтан ба Олмон сафар кард, вале дар робита ба бад шудани вазъият дар марз, гуфтааст, ки зуд бармегардад
2021-04-29T15:59+0500
2021-04-29T15:59+0500
2021-04-29T16:00+0500
амният ва мудофиа
қазоқистон
осиёи марказӣ
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039147957_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_4a6f0247464a06f35e0de2e0c9f78926.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки феълан дар Олмон қарор дорад, бо нашри як муроҷиатнома, мардуми Қирғизистонро ба сабурӣ даъват кард.Қамчибек Тошиев, рӯзи гузашта бар қасди табобат озоми Олмон шуд, вале имрӯз дар муроҷиатномаи худ гуфтааст, ки бармегардад.Ба таъкиди ӯ, шоми имрӯз аллакай озими Қирғизистон мешавад. Дар зимн, ӯ аз ҳамватанони худ даъват намудааст, ки сабур бошанд .Ҳамчунин ӯ навиштааст, ки "дахлнопазирии марзҳо аз ҳаёт муҳимтар аст ва мувофиқа ". Тошиев изҳори умедворӣ намуд, ки дар ризоият ғолиб меоянд. Хабари аз роҳ боз гаштани Сардори КДАМ Қирғизистон дар ҳолест, ки вазъият феълан дар марз нотинҷ аст. Имрӯз барои чанд маротиба миёни сокинони марзӣ тирпарронӣ сурат гирифт, ки чандин нафар аз ҳар ду ҷониб захм бардоштанд.Номи Қамчибек Тошиев дар расонаҳои сигменти тоҷикӣ замоне, баҳсбарангез шуд, ки ӯ пешниҳоди иваз кардани Ворух ба қисмате аз Бодканд кард. Зимнан, собиқ вазири тоҷик аз пешниҳоди Тошиев сахт интиқод кард. Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукӣ ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
https://sputnik.tj/20210331/Vokunishi-Zarif-dodani-Vorukh-intiqodash-raisi-KDAM-1033105778.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039147957_102:0:823:541_1920x0_80_0_0_ff304551444af9b6164ba4bee841d0a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, қамчибек тошиев
тоҷикистон, қирғизистон, қамчибек тошиев
Тошиев аз роҳаш бозгашт: ӯ гуфт, дар ризоият ғолиб меоянд
15:59 29.04.2021 (Навсозишуда: 16:00 29.04.2021) Рӯзи гузашта сардори Кумитаи давлати амниятии миллии Қирғизистон бар қасди муолиҷа ба Олмон парвоз кард
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки феълан дар Олмон қарор дорад, бо нашри як муроҷиатнома, мардуми Қирғизистонро ба сабурӣ даъват кард.
Қамчибек Тошиев, рӯзи гузашта бар қасди табобат озоми Олмон шуд, вале имрӯз дар муроҷиатномаи худ гуфтааст, ки бармегардад.
"Субҳи 28 апрел бинобар бад будани вазъи саломатӣ ба Олмон парвоз кардам, аммо дар робита ба вазъи феълӣ бармегардам, ҳарчанд то беморхона ҳам нарасидам", - навиштаст Тошиев.
Ба таъкиди ӯ, шоми имрӯз аллакай озими Қирғизистон мешавад. Дар зимн, ӯ аз ҳамватанони худ даъват намудааст, ки сабур бошанд .
Ҳамчунин ӯ навиштааст, ки "дахлнопазирии марзҳо аз ҳаёт муҳимтар аст ва мувофиқа ".
Тошиев изҳори умедворӣ намуд, ки дар ризоият ғолиб меоянд.
Хабари аз роҳ боз гаштани Сардори КДАМ Қирғизистон дар ҳолест, ки вазъият феълан дар марз нотинҷ аст. Имрӯз барои чанд маротиба миёни сокинони марзӣ тирпарронӣ сурат гирифт, ки чандин нафар аз ҳар ду ҷониб захм бардоштанд.
Номи Қамчибек Тошиев дар расонаҳои сигменти тоҷикӣ замоне, баҳсбарангез шуд, ки ӯ пешниҳоди иваз кардани Ворух ба қисмате аз Бодканд кард.
Зимнан, собиқ вазири тоҷик аз пешниҳоди Тошиев сахт интиқод кард.
Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукӣ ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.