Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон эълон кард, ки дар тирпаронии марзӣ 15 нафар маҷрӯҳ шудаанд

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад, мақомоти ҳарду кишвар дар байни иштирокчиёни муноқиша ҷароҳатбардоштагонро эълон мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон аз захмӣ шудани 15 нафар дар тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳама шаҳрвандони маҷрӯҳи Қирғизистон бояд ба беморхона интиқол дода шаванд.
Ғайр аз он, ба гуфтаи вазорат, ҳафт маҷрӯҳ аллакай дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки вазъи ду нафари онҳо вазнин аст.
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даъвати мақомдорон аз сокинони наздимарзӣ: ба хона равед
Ҳамзамон, тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ, дар ҳоли ҳозир ҳашт нафар ҷароҳатбардошта ҳастанд.
Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соати 13:05 ба вақти маҳаллӣ нерӯҳои қирғиз дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная" аз болои дарёи Исфара ва деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд шаҳр.
Ба иттилоир мақомоти тоҷик ду захмиро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд.
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабари фаврии КДАМ: низомиёни қирғиз ба сӯи сарҳадбонони тоҷик тир кушоданд
Ёдовар мешавем, муноқиша рӯзи гузашта оғоз шуда то кунун идома дорад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0