https://sputnik.tj/20210426/amonatbonk-batr-sarmoyaguzori-tehnologiya-raqami-1039046664.html
Амонатбонк бо БАТР сармоягузории мустақиму технологияҳои рақамиро баррасӣ кард
Амонатбонк бо БАТР сармоягузории мустақиму технологияҳои рақамиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк” аз ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, эълон намудааст, омодааст дар самтҳои гуногун ҳамкориҳоро ба роҳ монанд
2021-04-26T15:19+0500
2021-04-26T15:19+0500
2021-07-21T18:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
батр
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039046439_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_d4a416e0de78ca5dfb44dc5983c204f1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти БДА Амонатбонк, ахиран Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом бо мудири минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ, Ҷаҳонгир Шамсиев мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои Маблағузории савдо, Аккредитиви ҳуҷҷатӣ, табодули таҷрибаи тарафайн ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ намуданд.“Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бемории COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат, ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рушди фаъолияти молиявии имрӯзаи “Амонатбонк” изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуд, ки омодааст дар самти дилхоҳ ҳамкориҳоро бо Амонатбонк ҷоннок намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.Ҳамзамон дафтари матбуоти “Амонатбонк” зикр кард, зимни мулоқот Икромӣ Сироҷиддин Салом қайд намудааст, ки Амонатбонк омодааст бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самтҳои масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта, сармоягузории мустақим ва рушди технологияҳои молиявӣ ва рақамӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад.Гуфта шудааст, зимни мулоқот тарафҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд иброз намуданд.
https://sputnik.tj/20210422/jamoliddin-nuraliev-batr-muloqot-1038915733.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039046439_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_e21852df5679767854c69352e281b142.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амонатбонк, батр, ҳамкорӣ
амонатбонк, батр, ҳамкорӣ
Амонатбонк бо БАТР сармоягузории мустақиму технологияҳои рақамиро баррасӣ кард
15:19 26.04.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) “Амонатбонк” аз ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, эълон намудааст, ки омодааст дар самтҳои гуногун ҳамкориҳоро ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти БДА Амонатбонк, ахиран Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом бо мудири минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ, Ҷаҳонгир Шамсиев мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои Маблағузории савдо, Аккредитиви ҳуҷҷатӣ, табодули таҷрибаи тарафайн ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ намуданд.
“Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бемории COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат, ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рушди фаъолияти молиявии имрӯзаи “Амонатбонк” изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуд, ки омодааст дар самти дилхоҳ ҳамкориҳоро бо Амонатбонк ҷоннок намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон дафтари матбуоти “Амонатбонк” зикр кард, зимни мулоқот Икромӣ Сироҷиддин Салом қайд намудааст, ки Амонатбонк омодааст бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самтҳои масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта, сармоягузории мустақим ва рушди технологияҳои молиявӣ ва рақамӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Гуфта шудааст, зимни мулоқот тарафҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд иброз намуданд.