Бо қарори Рустам: маҷмааи нави биноҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Исмоил Сомонӣ сохта мешавад

© Архитектура ДушанбеПроект комплекса многоэтажных жилых домов по улице Шотемур и Пушкина в Душанбе
Проект комплекса многоэтажных жилых домов по улице Шотемур и Пушкина в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Қарори қомат афрохтани биноҳои баландошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар кӯчаи Шотемур ва Пушкин аз ҷониби мири Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз соли гузашта ба тасвиб расида шуд
ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Интизор меравад, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷмаи нави биноҳои истиқоматии баландошёна сохта шаванд, хабар медиҳад Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт.
Дар баробари биноҳои истиқоматӣ, ҳамчунин сохтмони марказҳои савдою хизматрасонӣ ва боғчаи кӯдакона низ ба назар гирифта шудааст.
Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи Баҳор воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Дар Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" сохта мешавад: он чӣ гуна хоҳад буд?
Манбаъ меафзояд, лоиҳаи сохтмони маҷмааи мазкур ҳанӯз моҳи марти соли 2020 бо қарори Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Ин лоиҳа дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати "Партнёр" дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.
Тибқи ин қарор, то соли 2025 бояд биноҳои фарсуда, камошёна ва ҳамчунин дар ҳолати садамавӣ қарордошта, давра ба давра вайрон гардида, ҷойи онҳо маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0