https://sputnik.tj/20210423/dar-dushanbe-mahallai-zamonavii-bahor-sohta-meshavad-on-chi-guna-hohad-bud-1038980837.html
Дар Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" сохта мешавад: он чӣ гуна хоҳад буд?
Дар Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" сохта мешавад: он чӣ гуна хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе феълан биноҳои фарсудае, ки дар ин маҳалла қарор доранд то соли 2025 тахриб карда мешавад.
2021-04-23T12:33+0500
2021-04-23T12:33+0500
2021-04-23T12:54+0500
душанбе
шаҳрак
нав
шоҳмансур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038978116_0:2:960:542_1920x0_80_0_0_0a0005a254ba07ef2cd0224c0258d56b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" бунёд мегардад.Бино ба гузориши Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳудуди ин шаҳрак биноҳои истиқоматӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд. "Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи мазкур тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо Сарраесати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД "Лоиҳакаш" омода шудааст" ,- омадааст дар хабарнома.Сохтмони маҷмааи нав дар маркази Душанбе - аксБояд гуфт, нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.Ногуфта намонад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи бартарафсоозии биноҳои фарсударо ба тасвиб расондааст.Интизор меравад, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ тахриб гарданд. Анҷоми марҳила ба марҳилаи ин кор то соли 2025 дар назар мебошад.Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе васеъ мешавад, вале ноҳияи нав таъсис намешавадШаҳрдорӣ мегӯяд, феълан сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳо, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо бар асоси нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
душанбе
шоҳмансур
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038978116_118:0:842:543_1920x0_80_0_0_4df08dee6fc8da469a0bd4360b170395.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳаллаи нав, душанбе, раиси шаҳр,
маҳаллаи нав, душанбе, раиси шаҳр,
Дар Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" сохта мешавад: он чӣ гуна хоҳад буд?
12:33 23.04.2021 (Навсозишуда: 12:54 23.04.2021) Тибқи нақша маҳаллаи "Баҳор" бояд яке аз мавзеъҳои замонавии шаҳри Душанбе гардад
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" бунёд мегардад.
Бино ба гузориши Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳудуди ин шаҳрак биноҳои истиқоматӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд.
"Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи мазкур тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо Сарраесати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД "Лоиҳакаш" омода шудааст" ,- омадааст дар хабарнома.
Бояд гуфт, нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.
Ногуфта намонад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи бартарафсоозии биноҳои фарсударо ба тасвиб расондааст.
Интизор меравад, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ тахриб гарданд. Анҷоми марҳила ба марҳилаи ин кор то соли 2025 дар назар мебошад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, феълан сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳо, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо бар асоси нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.