https://sputnik.tj/20210423/malum-shud-muhojir-tojik-maskav-1038973211.html
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав аст
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав аст
Sputnik Тоҷикистон
Пулис се кишвари пешсаф аз рӯи теъдоди шаҳрвандони муҳоҷираш дар Маскавро ном бурд: Тоҷикистон дар ин феҳрист дар кадом зина қарор гирифт? 23.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-23T06:19+0500
2021-04-23T06:19+0500
2021-04-23T12:16+0500
муҳоҷират
маскав
пулис
сабти ном
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/99/1031089968_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_6d477416242eca8044c3695e119191b7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Имрӯз дар Маскав тақрибан 800 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои мухталиф ҳузур доранд. Ин нуктаро Дмитрий Сергиенко, сардори Раёсати муҳоҷирати Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав, зимни ҷаласаи Комиссияи амният, сиёсати муҳоҷират ва равобити байни миллатҳо дар Палатаи ҷамъиятии шаҳр баён кард.Ба гуфтаи вай, дар соли 2020 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахт аз як миллион гузашт. Сергиенко таъкид кард, ки аксари муҳоҷирон ба шаҳр аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд.Ба гуфтаи Сергиенко, аксар муҳоҷирон дар пойтахт аз Қирғизистон ҳастанд. Онҳо 30 дарсад аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷиро дар Маскав ташкил медиҳанд. Дар ҷои дуввум, ба гуфтаи вазорат, Ӯзбекистон аст. Дар шаҳр 27 дарсади муҳоҷирони ин ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.Сергиенко қайд кард, ки аксари муҳоҷирон ба Русия бо тарзе меоянд, ки раводид талаб намекунад. Ин тақрибан 93% -ро ташкил медиҳад. Дар байни шаҳрвандоне, ки бо раводид ба Маскав омадаанд, ҷои аввалро сокинони Чин (13%) ишғол мекунанд. Тақрибан 10% ба шаҳрвандони Туркия ва Ветнам тааллуқ дорад.Илова бар ин, Сергиенко рӯшан кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 шумораи хориҷиёне, ки ҳамчун муҳоҷир сабт шудаанд, 41,4% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар байни онҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд, шумораи аз ҳама зиёдтар - 64% ё 110 ҳазор нафар - муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.Тибқи иттилои вазорат, шумораи хориҷиёне, ки дар қайди муҳоҷират сабт шудаанд, вобаста ба тамдиди мӯҳлати будубош 42% афзудааст.
https://sputnik.tj/20210421/safiri-rusiya-tojikiston-sozishnoma-muhojirati-imzo-1038876354.html
https://sputnik.tj/20210421/1038866155.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/99/1031089968_118:0:2849:2048_1920x0_80_0_0_37bef862e9752187030ceecbbd3edb5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, маскав, пулис, сабти ном, дар русия
муҳоҷират, маскав, пулис, сабти ном, дар русия
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав аст
06:19 23.04.2021 (Навсозишуда: 12:16 23.04.2021) Пулис се кишвари пешсаф аз рӯи теъдоди шаҳрвандони муҳоҷираш дар Маскавро ном бурд: Тоҷикистон дар ин феҳрист дар кадом зина қарор гирифт?
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Имрӯз дар Маскав тақрибан 800 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои мухталиф ҳузур доранд.
Ин нуктаро Дмитрий Сергиенко, сардори Раёсати муҳоҷирати Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав, зимни ҷаласаи Комиссияи амният, сиёсати муҳоҷират ва равобити байни миллатҳо дар Палатаи ҷамъиятии шаҳр баён кард.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2020 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахт аз як миллион гузашт.
Сергиенко таъкид кард, ки аксари муҳоҷирон ба шаҳр аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд.
"Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Маскав иқомат доранд, 21% коҳиш ёфта, 789 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи онҳо беш аз як миллион нафар буд", - гуфт намояндаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия.
Ба гуфтаи Сергиенко, аксар муҳоҷирон дар пойтахт аз Қирғизистон ҳастанд. Онҳо 30 дарсад аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷиро дар Маскав ташкил медиҳанд.
Дар ҷои дуввум, ба гуфтаи вазорат, Ӯзбекистон аст. Дар шаҳр 27 дарсади муҳоҷирони ин ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.
Тоҷикистон бошад, дар зинаи сеюм қарор гирифтааст. Ҳоло тақрибан аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик 20 дарсадаш дар Маскав кор ва зиндагӣ мекунанд.
Сергиенко қайд кард, ки аксари муҳоҷирон ба Русия бо тарзе меоянд, ки раводид талаб намекунад. Ин тақрибан 93% -ро ташкил медиҳад.
Дар байни шаҳрвандоне, ки бо раводид ба Маскав омадаанд, ҷои аввалро сокинони Чин (13%) ишғол мекунанд. Тақрибан 10% ба шаҳрвандони Туркия ва Ветнам тааллуқ дорад.
Илова бар ин, Сергиенко рӯшан кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 шумораи хориҷиёне, ки ҳамчун муҳоҷир сабт шудаанд, 41,4% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар байни онҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд, шумораи аз ҳама зиёдтар - 64% ё 110 ҳазор нафар - муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.
Тибқи иттилои вазорат, шумораи хориҷиёне, ки дар қайди муҳоҷират сабт шудаанд, вобаста ба тамдиди мӯҳлати будубош 42% афзудааст.