https://sputnik.tj/20210421/1038866155.html
Казакова гуфт, маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон кӣ таъсис медиҳад ва ҳадаф чист
Казакова гуфт, маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон кӣ таъсис медиҳад ва ҳадаф чист
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия, Валинтина Казакова, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз зимни
2021-04-21T11:12+0500
2021-04-21T11:12+0500
2021-04-21T11:28+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия, Валинтина Казакова, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз таъсиси маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт.Ба изҳори ин мақомдор, маркази муҳоҷират танҳо бо салоҳияти худи Тоҷикистон таъсис меёбад.Хонум Казакова таъйид намуд, ки кушода шудани чунин марказ метавонад як қатор мушкилиҳои муҳоҷиронро ҳал кунад, аз ҷумла барасмиятдарории ҳузури муҳоҷиронро дар Русия соддатар хоҳад кард. Илова бар ин, муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Федератсияи Русия метавонанд барои гирифтани патент ва сабти иқомат дар ватан аксар ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.Ҳамзамон, хонум Казакова гуфт, ташхиси тиббии муҳоҷирон ва маълумот дар бораи имкони вуруди онҳо ба қаламрави ин кишварро шарвандони Тоҷикистон метавонанд дар ватани худ гиранд ва ё дақиқ кунанд.Аммо ӯ таъйид кард, ки ҳамаи ин масъалаҳо ҳоло аз ҷониби мақомдорони ду кишвар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар ояндаи наздик натиҷаи он маълум хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210421/rusiya-tasmim-dorad-baqaydgirii-muhojironro-dar-rusiya-boz-ham-osontar-kunad--1038865637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, дар русия
дар тоҷикистон, муҳоҷират, дар русия
Казакова гуфт, маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон кӣ таъсис медиҳад ва ҳадаф чист
11:12 21.04.2021 (Навсозишуда: 11:28 21.04.2021) Бо кушода шудани маркази мазкур, муҳоҷирон имкон доранд барои гирифтани патент дар ватан як қатор ҳуҷҷатҳоро супоранд, вале худи варақа дар Русия ба онҳо дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия, Валинтина Казакова, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз таъсиси маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт.
Ба изҳори ин мақомдор, маркази муҳоҷират танҳо бо салоҳияти худи Тоҷикистон таъсис меёбад.
Хонум Казакова таъйид намуд, ки кушода шудани чунин марказ метавонад як қатор мушкилиҳои муҳоҷиронро ҳал кунад, аз ҷумла барасмиятдарории ҳузури муҳоҷиронро дар Русия соддатар хоҳад кард.
Илова бар ин, муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Федератсияи Русия метавонанд барои гирифтани патент ва сабти иқомат дар ватан аксар ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.
Ҳамзамон, хонум Казакова гуфт, ташхиси тиббии муҳоҷирон ва маълумот дар бораи имкони вуруди онҳо ба қаламрави ин кишварро шарвандони Тоҷикистон метавонанд дар ватани худ гиранд ва ё дақиқ кунанд.
Аммо ӯ таъйид кард, ки ҳамаи ин масъалаҳо ҳоло аз ҷониби мақомдорони ду кишвар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар ояндаи наздик натиҷаи он маълум хоҳад шуд.