https://sputnik.tj/20210421/safiri-rusiya-tojikiston-sozishnoma-muhojirati-imzo-1038876354.html
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, кай созишномаҳои муҳоҷиратӣ ба имзо мерасанд
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, кай созишномаҳои муҳоҷиратӣ ба имзо мерасанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон, умедвор аст, ки лоиҳаи тамоми созишномаҳое, ки масоили муҳоҷироати меҳнатиро бо Тоҷикистон ба танзим медароранд, то охири сол ба имзо хоҳанд расид
2021-04-21T13:55+0500
2021-04-21T13:55+0500
2021-04-21T14:01+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
имзо созишнома
сафири русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/13/1032485228_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_10aa8f1d9c0a0c1f34e8e0f330db60fb.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки аз раванди гуфтушунидҳои ҳайати Русия бо мақомоти Тоҷикистон қаноатманд аст.“Ман дар гуфтушунидҳо давоми чанд рӯз иштирок доштам. Бояд гуфт, ки музокирот дар фазои созанда баргузор шуд. Ҳарду ҷониб талош карданд, ки ба як созиши созанда бирасанд”, - таъкид дошт Игор Лякин-Фролов.Сафири Русия дар Тоҷикистон қайд намуд, ки тайи чанд соли ахир мақомоти ҳарду кишвар чанд созишномаҳое, ки масоили муҳоҷироати меҳнатиро ба танзим медароранд, баррасӣ мекарданд, аммо ҳар ду кишвар натавонистанд ба тавофуқе бирасанд. Сафир боварӣ кардааст, ки Русия ва Тоҷикистон дар ин музокирот барои ҳалли ин мушкилот иқдоми ҷиддӣ гузоштанд. Ёдрас мешавем, ки дар сафариду рӯзаи ҳайати баландпояи мақомоти Русия ба Тоҷикистон ҳолати кунунии ҳамкориҳои муштарак мавриди муҳокима қарор дода шуд. Инчунин, тарафҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши мувақаттии муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардаанд.Ҳамзамон, дар ин дидор лоиҳаи як қатор нақшаҳои муштараки ҳамкориро, аз қабили лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби амалисозии он, лоиҳаи шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ матраҳ гардид.
https://sputnik.tj/20210421/rusiya-tasmim-dorad-baqaydgirii-muhojironro-dar-rusiya-boz-ham-osontar-kunad--1038865637.html
https://sputnik.tj/20210421/tojikistonu-rusiya-hamkori-muhojirati-mehnati-barrasi-1038863718.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/13/1032485228_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_52c7ab21a830033ceea1d76e1390d38b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, созишнома, имзо
тоҷикистон, русия, созишнома, имзо
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, кай созишномаҳои муҳоҷиратӣ ба имзо мерасанд
13:55 21.04.2021 (Навсозишуда: 14:01 21.04.2021) Сафири Русия дар Тоҷикистон, умедвор аст, ки лоиҳаи тамоми созишномаҳое, ки масоили муҳоҷироати меҳнатиро бо Тоҷикистон ба танзим медароранд, то охири сол ба имзо хоҳанд расид
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки аз раванди гуфтушунидҳои ҳайати Русия бо мақомоти Тоҷикистон қаноатманд аст.
“Ман дар гуфтушунидҳо давоми чанд рӯз иштирок доштам. Бояд гуфт, ки музокирот дар фазои созанда баргузор шуд. Ҳарду ҷониб талош карданд, ки ба як созиши созанда бирасанд”, - таъкид дошт Игор Лякин-Фролов.
Сафири Русия дар Тоҷикистон қайд намуд, ки тайи чанд соли ахир мақомоти ҳарду кишвар чанд созишномаҳое, ки масоили муҳоҷироати меҳнатиро ба танзим медароранд, баррасӣ мекарданд, аммо ҳар ду кишвар натавонистанд ба тавофуқе бирасанд.
Сафир боварӣ кардааст, ки Русия ва Тоҷикистон дар ин музокирот барои ҳалли ин мушкилот иқдоми ҷиддӣ гузоштанд.
“Баъзе аз масоил ба коркарди иловагӣ ниёз дорад. Дар маҷмӯъ мо ба ҳамоҳангсозии бархе аз пешниҳодҳо муваффақ шудем. Як каме дигар кор кардан лозим аст. Фикр мекунам то охири соли равон ҳамаи шартномаҳо ба имзо мерасанд. Ин созишномаҳо ба Тоҷикистону Русия барои танзими раванди муҳоҷират кумак хоҳанд кард”.
Игор Лякин-Фролов
Сафири Русия дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки дар сафариду рӯзаи ҳайати баландпояи мақомоти Русия ба Тоҷикистон ҳолати кунунии ҳамкориҳои муштарак мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин, тарафҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши мувақаттии муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон, дар ин дидор лоиҳаи як қатор нақшаҳои муштараки ҳамкориро, аз қабили лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби амалисозии он, лоиҳаи шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ матраҳ гардид.