https://sputnik.tj/20210423/iqtisodshinos-qurb-dollar-rubl-1038973054.html
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар даъват кард, ки ба ҷаҳиши азими доллар омодагӣ бояд гирифт: он кай рух хоҳад дод?
2021-04-23T07:21+0500
2021-04-23T07:21+0500
2021-04-23T12:22+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
има
рубл
доллар
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032781559_0:101:1920:1181_1920x0_80_0_0_01d9821731740be167903cbe142b869a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Иқтисодшинос Дмитрий Голубовский дар мусоҳиба бо News.ru таъкид кард, ки қурби доллар дар чанд соли оянда метавонад ба 100 рубл расад. Ба гуфтаи мутахассис, аллакай дар соли 2021 асъори амрикоӣ, тибқи пешгӯиҳои таҳлилгарон, дар ҳудуди аз 80 то 85 рубл тағйир хоҳад ёфт.Голубовский таъкид кард, ки таварруми баланд ба рубл метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Хатар барои пули миллӣ, ба гуфтаи иқтисодшинос, инчунин ташаннуҷи геополитикӣ мебошад, ки ахиран дар атрофи Русия мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди ин, сустшавии онро дар ояндаи наздик набояд интизор шуд, қайд кард коршинос.Арзиши асъори амрикоӣ бо назардошти хусусиятҳои иқтисоди Русия афзоиш меёбад, гуфт коршинос. Ғайр аз он, ӯ гуфт, ки мақомоти кишвар танҳо бо роҳи беқурбкунии рубл хароҷоти буҷетро метавонад ҷуброн кунад. Ҷамъоварии андоз аз содиркунандагон, ки бо асъори хориҷӣ фоида ба даст меоранд, низ кӯмак мекунад.Қаблан, иқтисоддонҳо пешгӯии долларро дар аввали тобистон пешбинӣ карда буданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, пули Амрико то моҳи июн дар сатҳи 75-78 рубл хоҳад буд ва дар сатҳи баландтарин он метавонад марзи 80-ро рахна кунад.
https://sputnik.tj/20210413/korshinoson-arzish-dollar-chi-guna-1038331785.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032781559_106:0:1814:1281_1920x0_80_0_0_11059ed12c1de0587019719ca2857d6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар, рубл, иқтисод, болоравӣ
доллар, рубл, иқтисод, болоравӣ
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
07:21 23.04.2021 (Навсозишуда: 12:22 23.04.2021) Коршиноси иқтисодӣ даъват кард, ки ба ҷаҳиши азими доллар омодагӣ бояд гирифт: он кай рух хоҳад дод?
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Иқтисодшинос Дмитрий Голубовский дар мусоҳиба бо News.ru таъкид кард, ки қурби доллар дар чанд соли оянда метавонад ба 100 рубл расад.
Ба гуфтаи мутахассис, аллакай дар соли 2021 асъори амрикоӣ, тибқи пешгӯиҳои таҳлилгарон, дар ҳудуди аз 80 то 85 рубл тағйир хоҳад ёфт.
Голубовский таъкид кард, ки таварруми баланд ба рубл метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Хатар барои пули миллӣ, ба гуфтаи иқтисодшинос, инчунин ташаннуҷи геополитикӣ мебошад, ки ахиран дар атрофи Русия мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди ин, сустшавии онро дар ояндаи наздик набояд интизор шуд, қайд кард коршинос.
"Як намунаи оддӣ мавҷуд аст: агар таваррум дар иқтисоди шумо нисбат ба Амрико доимо баландтар бошад, асъоратон ба таври доимӣ арзон хоҳад шуд. Мисли қонуни ҳифзи энергия", - гуфт Голубовский.
Арзиши асъори амрикоӣ бо назардошти хусусиятҳои иқтисоди Русия афзоиш меёбад, гуфт коршинос.
Ғайр аз он, ӯ гуфт, ки мақомоти кишвар танҳо бо роҳи беқурбкунии рубл хароҷоти буҷетро метавонад ҷуброн кунад. Ҷамъоварии андоз аз содиркунандагон, ки бо асъори хориҷӣ фоида ба даст меоранд, низ кӯмак мекунад.
"Ҳарчи рубл арзонтар бошад, ҳамон қадар шумо аз "Норникел", "Роснефт", "Газпром" ва ғайра ҳамчун даромад аз андоз бештар ҷамъ меоред", - хулоса кард Голубовский.
Қаблан, иқтисоддонҳо пешгӯии долларро дар аввали тобистон пешбинӣ карда буданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, пули Амрико то моҳи июн дар сатҳи 75-78 рубл хоҳад буд ва дар сатҳи баландтарин он метавонад марзи 80-ро рахна кунад.