Қазияи 14 ҳазор доллари қалбакӣ, ки аз хориҷ омаду дар дискоклубҳо тақсим шуд- навори ВКД

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Обуна шудан
Дар наворе, ки ВКД онро нашр намудааст, дақиқ гуфта нашудаст, ки 14 ҳазор доллари қалбакӣ маҳз аз кадом кишвари хориҷ ба Тоҷикистон оварда шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кормандони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, як ҳолати ҷинояти марбут ба асъори қалбакиро ошкор намуданд.
Бар тибқи наворе, ки ВКД дар шабакаи YouTube нашр намудаст, дар содир кардани ин ҷиноят 4 нафар сокинони Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Асъори қалбакӣ аз хориҷи кишвар оварда шуда ба дасти Искандаров Сулаймони 34 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои муомилоти минбаъда супорида шудааст.
Номбурда долларҳои сохтаро ба як ҳаммаслаки худ, Гулаҳмадов Искандари 30 - сола додааст, ки ӯ боз дар навбати худ ба ду ҳамраҳи дигараш, ки яке Шукуров Фирдавси 28 - сола ва Эғамқулов Сорбони 27 - сола мебошанд, тақсим намудааст.
Гуфта мешавад, ҳар се дастёри Искандаров сокинон шаҳри Душанбе мебошанд.
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Долларҳои қалбакӣ мекарданд: ВКД ҷавону ноболиғро бо 7,8 ҳазор боздошт кард
Манбаъ меафзояд, аз номбурдагон 28 адад купюраҳои 100 доллара ва 66 адад купюраҳои 50 доллара, ки дар маҷмӯъ 5 900 долларро ташкил доданд, ҳамчунин далели шайъӣ дарёфту мусодира шуд.
Зимни бозпурсӣ муайян гардидааст, ки асъори мусодиршуда бо истифода аз дастгоҳи чопии ранга омода шуда, пас аз ба дасти шаҳрвандони Тоҷикистон расидан, як қисми он ба хориҷи кишвар ва қисми дигар дар марказҳои дилхушии ҷумҳурӣ ба муомилот бароварда шуд.
ВКД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки алъон нисбати ҳар чор боздоштшуда тибқи моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0