Долларҳои қалбакӣ мекарданд: ВКД ҷавону ноболиғро бо 7,8 ҳазор боздошт кард

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкКупюра, доллар
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҷавонро бо иттиҳоми ба муомилот баровардани долларҳои қалбакӣ боздошт кардааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо ин иттиҳом ҷавони 23-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Норак боздошт гардиданд.
Бар хабари манбаъ, ин афрод бо гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд.
Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Боздошти ҷинояткор баъд аз 4 сол: бар ивази 580 ҳазор рубл заминро ғайриқонунӣ фурӯхт
Номбурдагон, дар давоми моҳи март ва апрели соли 2021, бо мақсади ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакии доллари амрикоӣ аз шиносашон марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур купюраҳои 100 доллараи амрикоии қалбакиро дастрас намуда, ба ҷавони 28 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба фурӯш баровардаанд, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-криминалистӣ, купюраҳои гирифташуда 7 ҳазору 800 доллари амрикоии қалбакиро ташкил медиҳад.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0