https://sputnik.tj/20210419/qirghiziston-zamini-obdor-marz-toshiev-1038790868.html
Талоши Қирғизистон барои аз худ кардани замини обдор дар марз: Тошиев гуфт, саъй мекунам
Талоши Қирғизистон барои аз худ кардани замини обдор дар марз: Тошиев гуфт, саъй мекунам
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Тошиев дар як гирдиҳамоӣ дар минтақаи Кара-Суу, ҳангоми суханронӣ гуфт протоколи марзӣ баррасӣ мешавад.
2021-04-19T18:16+0500
2021-04-19T18:16+0500
2021-06-10T13:43+0500
қирғизистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
аломатгузорӣ
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038789331_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_09915e095ae9f10869c926a7272fae60.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Тошиев дар як гирдиҳамоӣ дар минтақаи Қара-Суу, ҳангоми суханронӣ дар бораи обанбори Кампиробод, гуфт, ки созишнома дар бораи табодули замин бо Ӯзбекистон баррасӣ карда шавад. Тақрибан 1000 нафар сокинони ҷамоати Савай аз 14 апрел ба ин сӯ алайҳи додани 50 гектар замини атрофи обанбор ба Ӯзбекистон эътироз мекунанд. Тошиев бо онҳо дидору мулоқот кард.Вай изҳор дошт, ки созишнома бо Ӯзбекистон "хеле муфид ва қулай" аст. Сокинони маҳаллӣ дар посух гуфтанд, ки бояд протокол бекор карда шавад ва замин дар шафати обанбор дода нашавад. Аммо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд кард, ки ин ғайриимкон аст, зеро мушкилоти дигар низ дар доираи протокол ҳал мешавад."Бо назардошти замини назди обанбор, мо 4,4 ҳазор гектарро медиҳем ва ба ҷои он 5,1 ҳазор гектарро ба даст меорем. Агар ҳоло онро ҳал накунем, пас насли оянда мушкилот хоҳад дошт. Дар канори сарбанди обанбор, ҷониби Ӯзбекистон ин қитъаро талаб кардааст. Ба ивази ин онҳо ҳамон гектарҳоро медиҳанд", - шарҳ дод Тошиев.Тибқи тавзеҳоти сиёсатмадор, аҳолии маҳаллӣ ба истифодаи об дастрасӣ пайдо мекунанд. Онҳо метавонанд чорвояшонро об диҳанд ва моҳӣ гиранд. "Яъне маҳдудият нахоҳад буд. Захираҳои обро якҷоя идора кардан лозим аст", - гуфт Тошиев. Пас аз норизоятии сокинони маҳаллӣ, Тошиев пешниҳоди дигареро ба миён гузошт. "Ман фикр мекунам, ки мо ин корро дигар хел карда метавонем - мубодилаи 20 гектар замине, ки онҳо банд кардаанд. 50 не, балки 20 гектар. Мо бо ин таваққуф хоҳем кард", - гуфт роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Эътирозгарон посух доданд, ки Ӯзбекистон метавонад ба чунин шартҳо розӣ нашавад. Ба ин, Тошиев посух дод, ки барои розӣ кунонидани ҷониби Ӯзбекистон саъй хоҳад кард. Ҳамзамон, раиси кумитаи давлатӣ илова кард, ки дар байни тазоҳургарон иғвогарон низ ҳастанд, ки ин боз ҳам хашми ҳозиронро ба бор овард. Хотиррасон мекунем, ки ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии Тошиев дар Тошканд оид ба делимитатсияи сарҳадҳо аз 23 то 25 март гуфтушунид кард. Ду кишвар протокол дар бораи табодули қаламравро имзо карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳуҷҷат яксон қабул нашуд: баъзе корбарон созишномаро дастгирӣ карданд, баъзеи дигар гуфтанд, ки тибқи созишнома Қирғизистон як қисми захираҳои обии худро аз даст медиҳад.
https://sputnik.tj/20210410/toshiev-intiqod-sozishnoma-marzi-1035215937.html
https://sputnik.tj/20210402/Toshiev-chiro-nameguft-Zarif-khato-raisi-KDAM-guft-maslihat-1033120394.html
https://sputnik.tj/20210404/Vorukh-sobiq-rais-Sudi-Oli-zanozan-iztirori-guzash-guft-1033131118.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038789331_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_0e4b453d7aba9c42adeda6afb59c3782.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, ӯзбекистон, камқ, тошиев
қирғизистон, ӯзбекистон, камқ, тошиев
Талоши Қирғизистон барои аз худ кардани замини обдор дар марз: Тошиев гуфт, саъй мекунам
18:16 19.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Роҳбари кумитаи давлатӣ дар аввал изҳор дошт, ки протокол бояд риоя карда шавад. Пас аз норозигии мардум, ӯ фикрашро тағйир дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Тошиев дар як гирдиҳамоӣ дар минтақаи Қара-Суу, ҳангоми суханронӣ дар бораи обанбори Кампиробод, гуфт, ки созишнома дар бораи табодули замин бо Ӯзбекистон баррасӣ карда шавад.
Тақрибан 1000 нафар сокинони ҷамоати Савай аз 14 апрел ба ин сӯ алайҳи додани 50 гектар замини атрофи обанбор ба Ӯзбекистон эътироз мекунанд. Тошиев бо онҳо дидору мулоқот кард.
Вай изҳор дошт, ки созишнома бо Ӯзбекистон "хеле муфид ва қулай" аст. Сокинони маҳаллӣ дар посух гуфтанд, ки бояд протокол бекор карда шавад ва замин дар шафати обанбор дода нашавад.
Аммо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд кард, ки ин ғайриимкон аст, зеро мушкилоти дигар низ дар доираи протокол ҳал мешавад.
"Бо назардошти замини назди обанбор, мо 4,4 ҳазор гектарро медиҳем ва ба ҷои он 5,1 ҳазор гектарро ба даст меорем. Агар ҳоло онро ҳал накунем, пас насли оянда мушкилот хоҳад дошт. Дар канори сарбанди обанбор, ҷониби Ӯзбекистон ин қитъаро талаб кардааст. Ба ивази ин онҳо ҳамон гектарҳоро медиҳанд", - шарҳ дод Тошиев.
Тибқи тавзеҳоти сиёсатмадор, аҳолии маҳаллӣ ба истифодаи об дастрасӣ пайдо мекунанд. Онҳо метавонанд чорвояшонро об диҳанд ва моҳӣ гиранд. "Яъне маҳдудият нахоҳад буд. Захираҳои обро якҷоя идора кардан лозим аст", - гуфт Тошиев.
Пас аз норизоятии сокинони маҳаллӣ, Тошиев пешниҳоди дигареро ба миён гузошт.
"Ман фикр мекунам, ки мо ин корро дигар хел карда метавонем - мубодилаи 20 гектар замине, ки онҳо банд кардаанд. 50 не, балки 20 гектар. Мо бо ин таваққуф хоҳем кард", - гуфт роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Эътирозгарон посух доданд, ки Ӯзбекистон метавонад ба чунин шартҳо розӣ нашавад. Ба ин, Тошиев посух дод, ки барои розӣ кунонидани ҷониби Ӯзбекистон саъй хоҳад кард.
Ҳамзамон, раиси кумитаи давлатӣ илова кард, ки дар байни тазоҳургарон иғвогарон низ ҳастанд, ки ин боз ҳам хашми ҳозиронро ба бор овард.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии Тошиев дар Тошканд оид ба делимитатсияи сарҳадҳо аз 23 то 25 март гуфтушунид кард. Ду кишвар протокол дар бораи табодули қаламравро имзо карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳуҷҷат яксон қабул нашуд: баъзе корбарон созишномаро дастгирӣ карданд, баъзеи дигар гуфтанд, ки тибқи созишнома Қирғизистон як қисми захираҳои обии худро аз даст медиҳад.