Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод

© Sputnik / Эдуард Песов / Гузариш ба медиабонкХамрохон Зарифи. Архивное фото
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар хитоб ба Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон изҳороти дигар доду иштибоҳи мақомдори қирғизро баён дошт
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Тошиев ахиран дар радубадал бо Зарифӣ гуфт, маро ҳар қадаре хоҳед носазо гӯед, аммо ба халқи бузурги қирғиз нарасед. Зарифӣ посух дод, ки ҳеч гоҳ дар ҳаққи халқи дӯсту бародари қирғиз ҳарфи баде нагуфтааст ва иштибоҳи раиси КДАМ –и Қирғизистону оқибатҳои онро баён дошт.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст
“Ҷаноби Тошиев, гурбаи сиёҳро дар хонаи торик ёфтан мушкил аст, махсусан агар ин гурба умуман дар он ҷо нест... Ман ҳеч гоҳ чизе баде дар ҳаққи халқи бузурги қирғиз, дар бораи фарҳанги қадиму ғанияш нагуфтаам. Халқҳои мо на танҳо ҳамсоя балки пайванди хешутаборӣ доранд. Ҳамаи мо аз достони қаҳрамони халқи қирғиз Манас ва ҳамсараш Хоникей огоҳем. Ман эҳтироми бузургро нисбати халқ, фарҳанг ва таърихи қирғиз қоилам ва садҳо дӯст дар ин кишвар дорам”, - изҳор доштааст Зарифӣ.
Собиқ вазири тоҷик афзуд, ки дар баробари ин дурӯягиро қабул надораду имконпазир намедонад, ки нафаре бо шеваи табартақсим масъалаи ҳудудиро ҳал намояд, ки аз он ояндаи халқ вобаста аст.
“Чӣ гуна мешавад, Ворухро бо девори оҳанин баст ё сокинонашро аз заминҳои қадимияшон ронд, ки дар он ҷо садсолаҳо аҷдодашон хок шудаанд ва бо ин тарз руҳия ва мероси таърихияшонро хароб кард?”, - суол гузоштааст Ҳамрохон Зарифӣ.
Ӯ идома додааст, ки чӣ гуна бо чунин шева метавон дар бораи тақдири халқ суҳбат карду пешниҳодҳои ҳарза ва сафсатадорро кард. Собиқ вазири тоҷик таъкид намудааст, ки изҳороти Тошиев хилофи меъёрҳои этикии гуфтушунидҳо мебошад. Ӯ суол гузоштааст, ки чӣ гуна метавон хилофи ҳамаи меъёрҳо муҳтавои гуфтушунидҳоро бидуни мувофиқа бо ҷониби дигар дар нишасти матбуотӣ баён дошт?
Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар марз: посухи Тоҷикистон
Худи собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон посух додааст, ки дар забони дипломатия ин маънои “Zero – sum game” ном дорад ва ба Тошиев маслиҳат додааст, ки дар сурати даст додани фурсат бо ин мафҳум шинос шавад.
Бар асоси донишномаи озод, “Zero – sum game”, назарияи бозие мебошад, ки дар он иштирокдорон имкони муросою ҳамоҳангӣ бо ҳамро надоранду пирӯзиҳояшон низ куллан хилофи ҳаманд.
Ин радубадалҳо баъди он оғоз шуданд, ки Тошиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки ба Тоҷикистон иваз кардани Ворух бо дигар заминҳо дар Бодкандро пешниҳод кардааст.
Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукияш ин пешниҳоди Тошиевро ҳарзагӯӣ хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
Ӯ гуфтааст, ки бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд.  Зарифӣ гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.
“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор дошт собиқ вазири умури хориҷӣ.
Командно-штабные и мобилизационные учения Коопсуздук–2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Оғози тамриноти васеъмиқёси низомӣ дар ҷануби Қирғизистон - видео
Дар посух роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, ки мансабдори собиқи тоҷик бо изҳороти худ танҳо фарҳанги пасту душманиашро нишон додааст.
"Пас чаро Ҳамрохон бо маданияти паст ва муносибати душманона зоҳир карда, хеле бад ҷавоб медиҳад? Шояд аз он сабаб, ки ман ба пешниҳодҳои онҳо, ки манфиатҳои кишвари маро инъикос намекунанд, розӣ набудам? ", - афзудааст мансабдори қирғиз.
Қамчибек Тошиев аз қирғизистониҳо хоҳиш кардааст, ки муносибати дӯстонаро ба мардуми наздики Тоҷикистон нигоҳ доранд ва ба иғвоҳо дода нашаванд.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.
Лентаи хабарҳо
0