Тошиев дар бораи танқидҳо ва созишномаи марзӣ: "ҳар як метрро бо талоши зиёд ҳимоя кардем"

© Sputnik / Табылды КадырбековАрхивное фото Камчибека Ташиева
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Обуна шудан
Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки вақт ҳама чизро дар ҷои худ хоҳад гузошт ва рӯзе мардум созишномаи марзӣ бо Ӯзбекистонро як рӯйдоди таърихӣ хоҳанд хонд.
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Ҳама қарорҳо оид ба масъалаҳои марзӣ танҳо ба манфиати давлат қабул карда мешаванд, гуфт роҳбари ҳайати Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев.
Чуноне Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ҳукумат хабар медиҳад, имрӯз дар ҷаласаи комиссияи масоили марзӣ протоколе, ки рӯзи 25 март дар Тошканд ба имзо расид, баррасӣ шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон: Ворух иваз намешавад ва нахоҳад шуд
"Ҳама қарорҳо танҳо ба манфиати давлат, ба манфиати шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, қабул карда мешаванд. Ҳар як банди протокол ба баҳсҳои шадид дучор омад ва танҳо бо талошҳои зиёд мо тавонистем ҳар метрро ҳимоя кунем. Ҳоло бисёриҳо маро ҳатто бидуни дарк кардани вазъият танқид мекунанд. Ман ҳамчун роҳбари ҳайати ҳукуматӣ масъулияти азимеро ба дӯш гирифтам ва итминон дорам, ки вақт ҳама чизро дар ҷои худ мегузорад ва он гоҳ онҳо хоҳанд гуфт ин як рӯйдоди таърихӣ буд", - гуфт Тошиев.
Вай қайд кард, ки мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ бояд корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба ин протокол пурзӯр кунанд.
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Посухи Абдуллоҳи Раҳнамо ба Тошиев: Ворух ба дашту биёбон мубодила намешавад
"Одамон маълумоти кофии боэътимод надоранд. Ман тамоми минтақаҳоро гаштам, аммо ин кофӣ нест: шумо бояд бо ҳар як шахс мулоқот кунед ва ҳар як банди протоколро бо забони дастрас шарҳ диҳед. Ҳамин ки маълумот ба мардум расонида шуд, ҳеҷ кас ба одилона будани қарорҳои қабулшуда шубҳа нахоҳад кард", - гуфт раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Вай таъкид кард, ки дар харита бояд визуалӣ нишон дода шавад, ки кадом минтақаҳо тасвир шудаанд.
Ба сохторҳои давлатии Қирғизистон супориш дода шуд, ки корҳои саҳроиро дар таъини хати марзи Қирғизистон ва Ӯзбекистон суръат бахшанд.
Қаблан, ду кишвар протокол дар бораи табодули қаламравро имзо карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин амал вокунишҳои зиёд ба бор овард: баъзе корбарон созишномаро ҷонибдорӣ карданд, баъзеи дигар гуфтанд, ки тибқи созишнома Қирғизистон як қисми захираҳои обии худро аз даст медиҳад.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
Ёдрас мешавем, ки пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид.
"Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарон флешмоб ташкил кардаву менависанд,"Ворух аз мост ва ба касе намедиҳем".
Дар посух ба ӯ Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як матлаб дар сафҳаи фейсбукиаш ҳарфҳои Тошиевро сафсата хонда, гуфтааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
Село Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт
“Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд”, - навиштааст Зарифӣ.
Вай гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.“Набояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.
Дар ҳамин ҳол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар сафари худ ба Ворух вокунишҳо дар ин мавзуъро ёдоварӣ кара гуфт, ки "Ворух иваз намешавад ва нахоҳад шуд".
Лентаи хабарҳо
0