Познер Русияро "кишвари занона" хонду аз мардонаш интиқод кард

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкЖурналист и телеведущий Владимир Познер
Журналист и телеведущий Владимир Познер  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Владимир Познер, рӯзноманигор ва муҷрии шинохтаи телевизион мегӯяд, Русия як кишвари занона аст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рӯзноманигор Владимир Познер аз шоистагиҳои занони Русия тавсиф карда, изҳор дошт, ки ҷонибдори модаршоҳӣ мебошад.
Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Алёна Долетской дар шабакаи ютубии Masters of Taste изҳор дошт, ки занони Русия як қатор бартариятҳо дар қиёс бо мардҳо доранд.
Онҳо даст меёбанд, ки корҳои хонаро анҷом диҳанд, бо кӯдакон машғул шаванд ва дар зимн хеле зебою тавонӣ боқӣ монанд, хабар дод РИА Новости аз қалви рӯзноманигор.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Намегузорам, маро шикананд": Манижа гуфт, ҳақ дорад худро зани рус номад
Ӯ таъкид намуд, ки мардон бештар “гиламанду майнӯшанд” – у миёнашон зебо низ хеле каманд ва умед ба насли оянда кард.
Познер гуфт, шояд бо ҳамин сабаб мардони хориҷӣ бо камоли майл ба духтарони рус хонадор мешаванду занони хориҷӣ чандон ҳавасманди хонадорӣ бо мардони рус нестанд.
“Росташро гӯям, ман назари хеле болотар дар мавриди занҳо дар қиёс бо мардҳо дорам. Дар Русия махсусан. Русия албатта кишвари занона мебошад”, - изҳор дошт Познер.
Ӯ афзуд, бо таъкидот, ки зани рус аспро аз дав бозмедорад, розисту бархе зарбулмасалҳое, ба монанди “мурғ парранда не, зан одам нест”, ё “ароба бе зан барои асп сабуктар” – ро намефаҳмад.
Лентаи хабарҳо
0