Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Намегузорам, маро шикананд": Манижа гуфт, ҳақ дорад худро зани рус номад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкКонцерт Манижи в Москве
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки Русияро дар озмуни Евровидение – 2021 муаррифӣ хоҳад кард, изҳор дошт, ки аз моҷарои бархоста атрофаш чӣ бардошт карду чӣ нақшаҳо дорад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Манижа, ки моҳи май дар озмуни Евровидение - 2021 дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард, дар бораи селаи вокунишҳои интиқодӣ, асли баромадаш, матни суруд ва фошсозии стериотипҳо дар бораи занон суҳбат кард.
Дар мусоҳибаи яксоатӣ бо нашрияи бритониёии The Guardian, Манижа изҳор дошт, ки бо вуҷуди фишорҳо хушбин мебошад, истодагарӣ дар баробари сели таҳқирро омӯхтааст.
Ман намегузорам, ки маро шикананд. Агар худи ҳозир ман барои " бадбинон" афсурда мебудам, гиря мекардам ин исбот мекард, ки ҳамаи суханони онҳо рост аст
Кадр видео Manizha - Russian Woman - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин
овозхон
Манижа фаҳмонд, ки дар ғарб метавонанд вайро "як феминисти хеле эҳтиёткор" пиндоранд, аммо дар Русия фаъолияташ алайҳи хушунати хонаводагӣ ва бегонаситезӣ, постҳояш дар Instagram ва дастгирӣ аз ҷомеаи ЛГБТ боис шудааст, ки ӯро радикал номанд.
Ба гуфтаи овозхон, дар ибтидо мубориза бо фишори равонӣ мушкил буд.
"Ман ҳис мекардам, ки дилам сахт метапад ва ҳатто субҳидам аз тафтиши телефонам даст мекашидам. Аммо ман як паёми муайяне дорам, ки онро то ба охир мерасонам. Муҳим он аст, ки мардум фаҳманд, ки шумо аз принсипҳои худ дур нагардидед, фурӯхта нашудед, дар ҳоле, ки ман метавонистам пули бештаре бигирам, агар каме аз виҷдон гузашт мекардам", - шарҳ дод овозхон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Тавсифи Раҳмон аз Манижа: сари ҳамаро вайрон кард, мо бо ӯ ифтихор дорем
Дар наврасӣ Манижа аллакай тибқи қарордод кор мекард ва сурудҳои попро бо номи саҳнавӣ иҷро мекард. "Ман ҳис мекардам, ки маро ба сандуқе андохтаанд", - ёд овард овозхон аз он замон.
Ӯ таъкид намуд, ки шартномаро бекор кард ва аз Русия рафт, то пас аз чанд сол ҳама чизро аз сари нав оғоз кунад.
Ба ман вақт лозим буд. Ба ман таҷриба лозим буд, хатоҳо ва сурудҳои бад, ба ман тамошобинони хуб ва бад лозим буданд, аз ин рӯ, соли 2017, пас аз 10 сол, ман лоиҳаи Манижаро бо номи худ баровардам. Номамро бо тамоми садо ба забон овардам, - гуфт овозхон
Сароянда таъкид намуд, ки бидуни муболиға, ҳар як суруд ҷузъи зиндагии ӯст. Ӯ ёд кард, ки дар тифлӣ бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро бо оилааш тарк кард ва мекӯшад ҳиссиёти бегонагиро, ки дар ҳарду кишвар аз сар мегузаронад, бартараф кунад . Аниқтараш, дар се, агар ҳаёт дар Бритониёро ба назар гирифт, ки он ҷо низ бо стереотипҳои нав дучор омадааст, илова намуд Манижа.
"Ҳоло суруди "Недославянка" посух ба ҳама саволҳое мебошад, ки тамошобинон аз ман мепурсанд. Ин суруди сарнавиштӣ шудааст", - гуфт зодаи Тоҷикистон.
Манижа гуфт, бисёр мехоҳад ин ҳама ҳунар, ин ҳама сурудҳо, ҳамаи суханонаш боиси қабули қонуне гардад, ки занону кӯдаконро аз хушунати хонаводагӣ муҳофизат кунад.
Вай мегӯяд, ки ин ҳама иқдомаш алайҳи бегонаситезӣ - аз тамасхӯрҳо дар мактаб то ҷанҷоли Евровидение боис шудааст, ки ӯ бештар дар Русия худро дар хона эҳсос кунаду ҷамъияташро тақвият бахшад ва аз бадхоҳон худро канор гирад.
"Беҳуда нест, ки ман худро зани рус меномам. Ман ҳақ дорам, ки ин корро кунам", - хулоса кард Манижа.
Лентаи хабарҳо
0