https://sputnik.tj/20210419/iqtisodshinos-dollar-rubl-suqut-1038574787.html
Иқтисодшинос гуфт, кай доллар тезтар аз рубл суқут мекунад
Иқтисодшинос гуфт, кай доллар тезтар аз рубл суқут мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши қурби доллар нисбати асъорҳои рӯ ба рушд воқеан метавонад рӯй диҳад, гуфт Дмитрий Бабин, коршиноси бозори саҳҳомии "БКС Мир инвестиции".
2021-04-19T11:53+0500
2021-04-19T11:53+0500
2021-04-19T12:31+0500
дар ҷаҳон
има
аврупо
доллар
қурби асъор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102103/10/1021031064_0:272:3076:2002_1920x0_80_0_0_e2cc160356baca217300a603054b11b4.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Коҳиши қурби доллар нисбати асъорҳои рӯ ба рушд воқеан метавонад рӯй диҳад, гуфт Дмитрий Бабин, коршиноси бозори саҳҳомии "БКС Мир инвестиций", дар мусоҳиба бо агентии "Прайм" Ба гуфтаи иқтисодшинос, чунин сенария метавонад бо афзоиши зудтари бозорҳои рӯ ба тараққӣ дар давраи мусбати умумии иқтисодӣ алоқаманд бошад. Таҳлилгар таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки бо ҳолати манфии доимии иқтисоди ИМА, чунин вазъ ба бозорҳои рӯ ба тараққӣ таъсир мерасонад.Вай таъкид кард, ки дар ин ҳолат, доллар ба макони амн барои сармоягузорон табдил меёбад, ки онҳо мехоҳанд маблағ интиқол диҳанд. "Ҳар гуна бӯҳрони ҷиддӣ, ҳатто агар он аз Иёлоти Муттаҳида сарчашма гирад ва бо мушкилоти низоми молиявию иқтисодии Амрико алоқаманд бошад, дар ниҳоят ба дигар иқтисодҳо ва бозорҳо паҳн мешавад. Аз ин рӯ, пас аз як давраи коҳиш, доллар ба таври назаррас боло меравад, зеро дар замони ноустувории бозор ҳамчун абзори муҳофизат мекунад. ", - гуфт коршинос. Иқтисодшинос қайд кард, ки пайдоиши иқтисоди ба андозаи баробар калон ва гуногуншакл барои тарк кардани ИМА аз арсаи ҷаҳонӣ зарур аст. Аммо, ин талаботҳоро Чин иҷро намекунад, ки ин аз воридоти ашёи хом ва содироти мол вобаста аст. Минтақаи Аврупо бошад, мушкилоти худро дорад, ки алакай боиси Brexit шудааст ва парокандагӣ рӯ ба афзоиш аст. Дар заминаи ин мисолҳо, иқтисоди ИМА диверсификатсия ва тамоюли баландро нишон медиҳад, аз ҷумла ба талабот дар дохили кишвар, гуфт Бабин.
https://sputnik.tj/20210419/halokati-javon-poytaht-margbor-fayzobod-1038567634.html
https://sputnik.tj/20210413/korshinoson-arzish-dollar-chi-guna-1038331785.html
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102103/10/1021031064_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_02f2925116b6a14624be0bacef210cd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар, рубл, иқтисод
Иқтисодшинос гуфт, кай доллар тезтар аз рубл суқут мекунад
11:53 19.04.2021 (Навсозишуда: 12:31 19.04.2021) Иқтисодшинос Дмитрий Бабин гуфт, оё интизор меравад, ки қурби доллар нисбат ба рубл тезтар суқут кунад
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Коҳиши қурби доллар нисбати асъорҳои рӯ ба рушд воқеан метавонад рӯй диҳад, гуфт Дмитрий Бабин, коршиноси бозори саҳҳомии "БКС Мир инвестиций", дар мусоҳиба бо агентии "Прайм"
Ба гуфтаи иқтисодшинос, чунин сенария метавонад бо афзоиши зудтари бозорҳои рӯ ба тараққӣ дар давраи мусбати умумии иқтисодӣ алоқаманд бошад.
Таҳлилгар таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки бо ҳолати манфии доимии иқтисоди ИМА, чунин вазъ ба бозорҳои рӯ ба тараққӣ таъсир мерасонад.
Вай таъкид кард, ки дар ин ҳолат, доллар ба макони амн барои сармоягузорон табдил меёбад, ки онҳо мехоҳанд маблағ интиқол диҳанд.
"Ҳар гуна бӯҳрони ҷиддӣ, ҳатто агар он аз Иёлоти Муттаҳида сарчашма гирад ва бо мушкилоти низоми молиявию иқтисодии Амрико алоқаманд бошад, дар ниҳоят ба дигар иқтисодҳо ва бозорҳо паҳн мешавад. Аз ин рӯ, пас аз як давраи коҳиш, доллар ба таври назаррас боло меравад, зеро дар замони ноустувории бозор ҳамчун абзори муҳофизат мекунад. ", - гуфт коршинос.
Иқтисодшинос қайд кард, ки пайдоиши иқтисоди ба андозаи баробар калон ва гуногуншакл барои тарк кардани ИМА аз арсаи ҷаҳонӣ зарур аст.
Аммо, ин талаботҳоро Чин иҷро намекунад, ки ин аз воридоти ашёи хом ва содироти мол вобаста аст.
Минтақаи Аврупо бошад, мушкилоти худро дорад, ки алакай боиси Brexit шудааст ва парокандагӣ рӯ ба афзоиш аст.
Дар заминаи ин мисолҳо, иқтисоди ИМА диверсификатсия ва тамоюли баландро нишон медиҳад, аз ҷумла ба талабот дар дохили кишвар, гуфт Бабин.