Русия – шарики тиҷоратии №1, сармоягузори №2 – и Тоҷикистон

© SputnikВстреча бизнес-делегации из Петербурга и госкоминвест Таджикистана с участием торгпреда РФ
Встреча бизнес-делегации из Петербурга  и госкоминвест Таджикистана  с участием торгпреда РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Русия тайи 10 соли ахир як шарики тиҷорӣ ва ҳам сармоягузори собити Тоҷикистон боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи як нишасти доираҳои соҳибкории Русияву Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, солҳои 2007-2020 Русия дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,6 миллиард доллари ИМА сармоя ворид кардааст.
Аз ин ҳудуди 900 миллион долларро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
“Сармоягузории Русия бештар дар хадамоти молиявӣ, мухобирот, энергетика, саноат, сохтмон, омӯзиш ва истихроҷи маодини зеризаминӣ равона шудааст”, - гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд
Бино ба иттилои расмӣ, ҳаҷми сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои хориҷӣ миёни солҳои 2007 – 2020 10,2 миллиард долларро ташкил дод, ки саҳми сармоягузориҳои Русия дар он 16% аст ва пас аз Чин дуввумин сармоягузори умдат иқтисоди Тоҷикистон аст.
Раиси Кумитаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, тайи даҳ соли ахир низ Русия дар гардиши мол мавқеи собит дошта, солҳои 2010 – 2020 дар ҳадди 9 миллиард доллар миёни ду кишвар табодули мол сурат гирифта, ки 550 миллион ба нафъи Тоҷикистон ва 8,5 миллион доллар воридоти молу маҳсулот аз Русия аст.
“Дар сохтори тавозуни тиҷоратӣ беш аз 1 миллиард доллар ҳиссаи Русия аст, ки ҳудуди 30% - ро тамоми воридоти Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба муҳимтарину аввалин шарики тиҷории Тоҷикистон табдил ёфтааст”, - гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Расширенное заседание правительства январь 2021 - Sputnik Тоҷикистон
Саъдӣ Қодирзода
раиси Кумитаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
Раиси Кумитаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи нишасти муштараки Ҷамоаи соҳибкории Санкт Петербург ва соҳибкорони Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, ин қабил чорабиниҳо ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон бо кадом давлатҳо савдо мекунад

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон аз сабаби пандемияи коронавирусӣ тиҷорат бо дигар кишварҳо коҳиш ёфт.
Ҳамин тавр, дар соли 2020 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 10% камтар аст.
Тиҷорат бо Русия 721,3 миллион долларро ташкил додааст.
Швейтсария дар соҳаи савдо дар ҷои дуюм қарор дорад, бо ин кишвар Тоҷикистон дар як сол 693,1 миллион доллар фоида ба даст овард.
Се ҷои аввалро Қазоқистон мебандад. Дар ин ҷо ҳаҷми савдо ба 633,9 миллион доллар расид.
Купюры разного номинала и разной валюты. Рубли и евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар охири соли 2020 коҳиш ёфт
Боз як шарики асосии ҷумҳурӣ - Чин дар хатти 4-ум қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки қисми зиёди савдо бо дигар кишварҳо аз ҳисоби воридоти молҳо иборат аст, танҳо бо Швейтсария, қариб тамоми гардиши мол аз содирот иборат аст. Соли 2020, Тоҷикистон ба Швейтсария як миқдори зиёди металлҳои қиматбаҳо ва тиллоро фурӯхт.
Тоҷикистон инчунин бо Узбекистон, Туркия, Олмон, Ҷопон, Эрон ва Покистон тиҷорат мекунад.
Тоҷикистон барои содирот сӯзишвории маъданӣ ва равған, чӯбу тахта, пахта, сангҳои қиматбаҳо ва тилло мефиристад.
Ҷумҳурӣ бояд нақлиёт, металлҳо, маъдан, нуриҳо, хӯрокворӣ, доруворӣ, ғалладонагиро харидорӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0