https://sputnik.tj/20210415/rusiya-tojikiston-hamkoriho-iqtisod-1038489043.html
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия ва Сергей Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд
2021-04-15T16:32+0500
2021-04-15T16:32+0500
2021-04-19T16:46+0500
муаррифӣ
палатаи савдо ва саноат
намоянда
дар русия
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038486707_0:0:901:506_1920x0_80_0_0_1480ab8e0084ec4839c746a4fcaaa100.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия ва Сергей Катирин дидору мулоқот карданд, хабар медиҳад Сафоарти Тоҷикистон дар Русия.Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин сиёсатмадорон роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намудаанд.Гуфта мешавад, Имомуддин Сатторов ва Сергей Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду давлат таъкид карданд.Дар зимн, намояндаи навтаъйини Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов ба ҳозирин муаррифӣ гардид.Митрахович ба Тоҷикистон истифодаи нерӯи шамолро маслиҳат додМанбаъ афзуда, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва сармоягузорӣ изҳор карданд.
https://sputnik.tj/20210415/namoyanda-falhri-palatai-savdo-va-sanoati-rusiya-tojikiston-muarrifi-1038486205.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038486707_112:0:787:506_1920x0_80_0_0_5574f44a781f623c3c2f8412d9f8392d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, тиҷорат, русия, тоҷикистон
баррасӣ, тиҷорат, русия, тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд
16:32 15.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия, бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, Сергей Катирин дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахши иқтисод баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия ва Сергей Катирин дидору мулоқот карданд, хабар медиҳад Сафоарти Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин сиёсатмадорон роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намудаанд.
Гуфта мешавад, Имомуддин Сатторов ва Сергей Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду давлат таъкид карданд.
Дар зимн, намояндаи навтаъйини Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Манбаъ афзуда, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва сармоягузорӣ изҳор карданд.