https://sputnik.tj/20210415/intiqoli-puli-muhojiron-rusiya-kohish-yoft-1038504516.html
Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар охири соли 2020 коҳиш ёфт
Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар охири соли 2020 коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Ватани худ дар семоҳаи чоруми соли 2020 нисбат ба давраи қаблӣ 9,6 дарсад коҳиш ёфт,
2021-04-15T20:35+0500
2021-04-15T20:35+0500
2021-04-19T16:54+0500
иқтисод
муҳоҷират
интиқоли пул
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620622_0:237:3072:1965_1920x0_80_0_0_dcfa3acc182037a65dc8322cc5697071.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Ватани худ дар семоҳаи чоруми соли 2020 нисбат ба давраи қаблӣ 9,6 дарсад коҳиш ёфт, иттилоъ додааст РИА Новости.Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар семоҳаи охири соли 2020 интиқоли пул танҳо ба Беларус ва Украина афзоиш ёфтааст.Ҳамин тариқ, ҳаҷми интиқоли пул ба ин кишварҳо 110,3 ва 159,8 миллион долларро ташкил дода, мутаносибан 30 дарсад ва 1,6 дарсад афзоиш ёфтааст.Боқимондаи кишварҳои ИДМ тамоюли манфӣ нишон доданд.Иттилоъ дода шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон интиқоли пулро 23,7 дарсад коҳиш доданд. Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи чорум ба Тоҷикистон 348,1 миллион доллар интиқол дода шудааст.Интиқоли пул ба Туркманистон низ 25 дарсад коҳиш ёфт. Ба Қирғизистон - мутаносибан 20 дарсад коҳиш ёфта, 379,5 миллион долларро ташкил додааст.Интиқоли пул ба ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, 10 ва 4 дарсад коҳиш ёфта, айни замон, ба 34,3 ва 913 миллион доллар баробар шуд.Қаблан роҳбари Институти Шарқи Дури Академияи улуми Русия, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ Алексей Маслов қайд карда буд, ки Русия бузургтарин маблағгузори мардуми Тоҷикистон аст.Маслов гуфт, ки Русия барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ягона бозори устувор ва бузург табдил ёфтааст. Вай афзуд, ки дар оянда интиқоли пул ба ин кишварҳо афзоиш хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20210317/Intiqol-pul-Rusiya-nishondihanda-sol-1033013247.html
https://sputnik.tj/20201224/haq-bar-kist-Bonki-milli-malumoti-Bonki-markazii-Rusiyaro-rad-kard-1032513861.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620622_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3dc583f42dd11117df74a6f75d179bf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, муҳоҷират, интиқоли пул, дар тоҷикистон
иқтисод, муҳоҷират, интиқоли пул, дар тоҷикистон
Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар охири соли 2020 коҳиш ёфт
20:35 15.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар семоҳаи охири соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ интиқоли маблағҳоро ба ватани худ коҳиш доданд
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Ватани худ дар семоҳаи чоруми соли 2020 нисбат ба давраи қаблӣ 9,6 дарсад коҳиш ёфт, иттилоъ додааст РИА Новости.
Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар семоҳаи охири соли 2020 интиқоли пул танҳо ба Беларус ва Украина афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми интиқоли пул ба ин кишварҳо 110,3 ва 159,8 миллион долларро ташкил дода, мутаносибан 30 дарсад ва 1,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Боқимондаи кишварҳои ИДМ тамоюли манфӣ нишон доданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон интиқоли пулро 23,7 дарсад коҳиш доданд. Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи чорум ба Тоҷикистон 348,1 миллион доллар интиқол дода шудааст.
Интиқоли пул ба Туркманистон низ 25 дарсад коҳиш ёфт. Ба Қирғизистон - мутаносибан 20 дарсад коҳиш ёфта, 379,5 миллион долларро ташкил додааст.
Интиқоли пул ба ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, 10 ва 4 дарсад коҳиш ёфта, айни замон, ба 34,3 ва 913 миллион доллар баробар шуд.
Қаблан роҳбари Институти Шарқи Дури Академияи улуми Русия, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ Алексей Маслов қайд карда буд, ки Русия бузургтарин маблағгузори мардуми Тоҷикистон аст.
Маслов гуфт, ки Русия барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ягона бозори устувор ва бузург табдил ёфтааст. Вай афзуд, ки дар оянда интиқоли пул ба ин кишварҳо афзоиш хоҳад ёфт.