https://sputnik.tj/20210415/rublu-dollar-evro-tojikiston-bonki-milli-1038471256.html
Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард
Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавӣ қарор дорад.
2021-04-15T09:52+0500
2021-04-15T09:52+0500
2021-04-15T11:29+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101406/14/1014061411_0:114:2733:1651_1920x0_80_0_0_37555b870a63c2e17edb08225a6bcc0d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11, 3195 сомонӣ арзиш дорад.Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он пас аз каме поин омадан дубора майли гароншавӣ пайдо кард. Ин ниҳод қурби як евро барои шанздаҳуми феврал 13, 5438 сомонӣ муқаррар кардааст.Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ дигарбора боло рафт. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 149 сомону 20 дирам арзиш дорад.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1505 - 0,1530 сомонӣ муқаррар шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1485 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорадБонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
https://sputnik.tj/20210413/korshinoson-arzish-dollar-chi-guna-1038331785.html
https://sputnik.tj/20210215/qurb-somon-namoyanda-Bonki-milli-1032828756.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101406/14/1014061411_191:0:2542:1763_1920x0_80_0_0_bf60a289fb43de8188f24237952aca77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки миллӣ, рубл, доллар, евро, қурб,
бонки миллӣ, рубл, доллар, евро, қурб,
Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард
09:52 15.04.2021 (Навсозишуда: 11:29 15.04.2021) Дар Тоҷикистон арзиши рубли русӣ пас аз якбора поинравӣ, имрӯз дигарбора дорад гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.
Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11, 3195 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он пас аз каме поин омадан дубора майли гароншавӣ пайдо кард. Ин ниҳод қурби як евро барои шанздаҳуми феврал 13, 5438 сомонӣ муқаррар кардааст.
Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ дигарбора боло рафт. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 149 сомону 20 дирам арзиш дорад.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1505 - 0,1530 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1485 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.