Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

© Sputnik / Қамар АҳрорВалиев Наврӯз Алиевич, мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Валиев Наврӯз Алиевич, мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Обуна шудан
Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегуяд, дар шароити коҳишёбии ҳаҷми содироти мол ба хориҷ, вазъи бозори асъор дар кишвар осебпазир гардида, аз ин ҳисоб пули миллӣ таҳти фишор қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Сардори минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ вазъи бозори асъорро шарҳ дод.
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Бонки миллӣ гуфт дар як соли пандемия сомонӣ чӣ қадар беқурб шуд
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта қурби сомонӣ нисбат ба доллар 16,6 % ва евро 28,1 дарсад коҳиш ёфт, вале дар навбати худ нисбат ба рубли русӣ то 3,5 % баланд шудааст.
Яъне, дар соли 2020 қурби 1 доллари амрикоӣ 11,2 сомонӣ, нархи 1 эвро ба 13,5 сомонӣ баробар шудааст.
Қиммати 1 рубли русӣ бошад 15 дирам ва ё 0,15 сомонӣ муқаррар шудааст.
Валиев коҳишёбии содирот, нисбат ба ҳаҷми воридоти мол дар кишварро яке аз омилҳои осебрасон ба қурби пули миллӣ арзёбӣ намуд.
"Дар давраи ҳисоботӣ маълум гардид, ки агар мо ба 1 доллар мол содирот карда бошем, ба 3,7 доллар маҳсулот харидаем. Вақте содирот намешавад ва асъори хориҷӣ ба кишвар намеояд, норасоии асъори хориҷӣ дар бозор ҳис карда мешавад ва ҳамаи ин ба пасравии қурби сомонӣ таъсир мегузорад",- гуфт Валиев.
Номбурда гуфт, соли 2020 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 миллиарду 667, 6 миллион доллари амрикоӣ рақам зада мешавад.
Аз ин содироти мол 354 миллион доллар ҳисоб мешавад, ки нисбат ба соли 2019, 24,5 % кам аст.
Зимнна, 1 миллиарду 313 миллион доллари дигар ҳаҷми воридоти мол ҳисоб мешавад, ки дар қиёс ба як соли пеш ба андозаи 16, 4 % коҳиёш ёфтааст.
Покупатель на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
COVID-19 гунаҳгор: раиси Бонки миллӣ болоравии нархҳо дар бозорҳоро шарҳ дод
Валиев мегуяд, тавозуни бозори истеъмолӣ собит намудааст, ки соли гузашта аз хориҷи кишвар ба маблағи бештар аз 30 миллион доллар, муодили бештар аз 311 миллион сомонӣ мол ворид карда шудааст, ки имкони истеҳсоли онҳо дар қаламрави вилоят мавҷуд мебошад.
“Ба ғайр аз номгӯи маҳсулоте, ки дар қаламрави вилоят мушкил ва ё ғайриимкон аст, дар ин давра аз хориҷи кишвар биринҷ ба маблағи 10,2 миллион доллар, гӯшти паранда ба маблағи 8,7 миллион доллар, маҳсулоти ордӣ (макарон) 6,7 миллион доллар, оби газнокшуда 3 миллион доллар, ҳасиб ва маҳсулотҳои гӯштӣ 1, 9 миллион доллар, тухми парранда 1, 9 миллион доллар, помидори консервашуда ба маблағи 682 ҳазор доллар ворид шудааст”,  - гуфт ӯ.
Бо ироаи ин иттилоъ, ин масъули Бонки миллӣ, ҳамзамон таъкид варзид, ки то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0