https://sputnik.tj/20210412/amonatbonk-chiqadar-qarz-dodaast-1035409179.html
"Амонатбонк” гуфт дар се моҳи соли равон чиқадар ва ба кӣ қарз додааст
"Амонатбонк” гуфт дар се моҳи соли равон чиқадар ва ба кӣ қарз додааст
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. “Амонатбонк” то 31 марти соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 18 ҳазор муштарӣ 238 миллион сомонӣ маблағҳои
2021-04-12T19:10+0500
2021-04-12T19:10+0500
2021-07-21T18:55+0500
иқтисод
қарздиҳӣ
дар тоҷикистон
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/73/1028517395_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_dade1294d22e90be2f7786d02cd100df.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. “Амонатбонк” то 31 марти соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 18 ҳазор муштарӣ 238 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк”, дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарзгирон 29,7 дарсад ва ҳаҷми қарздиҳӣ 5,3 дарсад зиёд гардидааст.Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар самти бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 50 дарсади қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.Зикр шудааст, ки Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Кишоварз”, ки соли гузашта ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2021 вобаста ба оғоз гардидани давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.Ҳамзамон “Амонатбонк” иттилоъ додааст, ки аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллар кушода шуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 6,1 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ӯзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.
https://sputnik.tj/20210412/amonatbonk-faoliyatash-daromadi-sof-1035399399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/73/1028517395_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_faf8c70c7dc851f6283b7d8a996bc93a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, қарздиҳӣ, дар тоҷикистон, амонатбонк
иқтисод, қарздиҳӣ, дар тоҷикистон, амонатбонк
"Амонатбонк” гуфт дар се моҳи соли равон чиқадар ва ба кӣ қарз додааст
19:10 12.04.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) Амонатбонк дар 7 соли оянда барои ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. “Амонатбонк” то 31 марти соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 18 ҳазор муштарӣ 238 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк”, дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарзгирон 29,7 дарсад ва ҳаҷми қарздиҳӣ 5,3 дарсад зиёд гардидааст.
“Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 28,3%, кишварзӣ 21,4%, истеъмолӣ 20,4%, сохтмон 7,9%, тиҷорат 13,2% нақлиёт 7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хўроки умумӣ) 1,8% рост меояд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар самти бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 50 дарсади қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.
Зикр шудааст, ки Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Кишоварз”, ки соли гузашта ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2021 вобаста ба оғоз гардидани давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.
Ҳамзамон “Амонатбонк” иттилоъ додааст, ки аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллар кушода шуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 6,1 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ӯзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.