Тавсифи Раҳмон аз Манижа: сари ҳамаро вайрон кард, мо бо ӯ ифтихор дорем

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бо Манижа Сангин, ҳунарманди тоҷиктабори Русия ифтихор мекунад
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар бораи Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори ҳамакнун пурмоҷарои Русия, ки имсол дар озмуни байналмилалии Евровидение ширкат мекунад, гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух дар Исфара ишора ба вокунишҳои шадид алайҳи овозхони тоҷиктабор кард ва гуфт, "Манижа сари ҳамаро вайрон кард ва бархеҳо ӯро чашми дидан надоранд".
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Фолбини машҳур: Манижа ба даҳгонаи аввали Евровидение шомил мешавад
Президент махсус қайд кард, ки Манижа Сангин тоҷик буданашро доим мегӯяд.
"Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст", - таъкид кард вай.
Ҳамчунин президент ҳунари овозхонро тавсиф кард.
"Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем", - афзуд президенти Тоҷикистон.
Манижа Сангин имсол Русияро дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021 бо таронаи "Зани рус" муаррифӣ мекунад. 8 март дар давраи интихобии озмун дар Русия тариқи Шабакаи аввали кишвар маълум гардид, ки имсол шонси ширкат дар озмунро Манижа ба даст меорад.
Аммо таронаи "Зани рус" дарҳол зери вокунишҳои тунди бархе қишрҳои ҷомеа ва ҳатто вакилону сиёсатмадорони Русия гардид.
Бештари онҳо бар он буданд, ки матни тарона нофаҳмо ва бемантиқ аст.
Продюсер Иосиф Пригожин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Пригожин шарҳ дод, ки чаро Манижа нисбат ба Моргенштерн диққати бештарро ҷалб мекунад
Аммо худи Манижа мегӯяд, тарона аз таҳаввулот дар ҳаёти зани рус нақл мекунад, ки решааш ба ҳазорсолаҳои пеш мерасад.
Дар ҳамин ҳол, кам нестанд нафаранеро, ки овозхони тоҷиктаборро дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла бештари ситораҳои шоу-бизнеси Русия, ситораҳои тоҷик ба Манижа Сангин муваффақият таманно кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0