Санаи набарди размикори тоҷик Нурулло Алиев ва Кирил Крюкови рус маълум шуд

© Facebook / Fight Club AkhmatБоец клуба "Ахмат" Нурулло Алиев
Боец клуба Ахмат Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Муқовимати Нурулло Алиев ва Кирилл Крюков, ки бояд 10 апрел баргузор мешуд, бо каме таъхир 11 апрел доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Мусобиқаи ҷашнии ташкилоти русии AMC Fight Nights 100 бидуни тамошобин дар Маскав як рӯз дертар аз санаи пешбинишуда баргузор мешавад.
Ин Мусобиқа мебоист рӯзи шанбеи 10 апрел дар Маскав баргузор мешуд, аммо чанд соат пеш аз оғоз лағв шуд. Ҳоло мусобиқа ба 11 апрел таъин карда шудааст, дар ин бора президенти ташкилот Камил Гадҷиев хабар дод.

Ӯ дар паёми видеоие дар сафҳаи Instagram - аш гуфтааст, мусобиқа бидуни тамошобин баргузор мешавад - ин ба маҳдудиятҳои муайяне, ки аз ҷониби Роспотребнадзор ва мақомоти дигар ба мо гузошта шудааст, рабт дорад.

Ба гуфти ӯ, маблағи тамоми чиптаи харидаи мухлисон баргардонида мешавад ва дар бораи чигуна баргардонидани он, рӯзи душанбе хабар хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол соати баргузории мусобиқаи батаъхирафтода ҳоло .эълон нашудааст.
Гуфта мешавад, муқовимати варзишкорони тоҷику рус аз гармтарин набардҳо хоҳад буд.
Хусусан ин муҳорибаро мухлисон сахт интизор буданд: барои дастгирии варзишгари тоҷик ҳамватанон ва мухлисони "Локомотив" муборизи Русияро фаъолона дастгирӣ мекунанд.
Амирхан Оев vs. Азизхан Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2020
Пирӯзии Алиев ва Чоршанбиев дар мусобиқаи Fight Nights Global- видеоҳо
Барои Нурулло Алиев ин мубориза хеле муҳим аст, зеро барои имзо кардани шартнома бо ташкилоти амрикоӣ, вай бояд боз чанд набарди дигар дар Русия баргузор кунад.
Қаблан зимни як мусоҳибае ӯ гуфта буд, ки дар ҳолати хуби омодагӣ қарор дорад ва метавонад солона то чор муҳорибаро пушти сар кунад.
Ҳаминтавр омори набардҳои размикори тоҷик хуб буда, панҷ бурд ва як бохтро пушти сар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0