Азизхон Чоршанбиев размикори 22-сола дар вазни 61 кило бар рақибаш аз Доғистон, Амирхан Оев дар даври аввал пирӯз шуд.
Чоршанбиев дар дақиқаи сеюми даври аввал бо як зарба бо дасти чап рақибашро ба нокаут фиристод.
Размикори тоҷик дар 11 сония рақибаш аз Ӯзбекистонро “беҳуш” кард – видео
Дар ин мусобиқа инчунин размикори Тоҷикистон, Нурулло Алиев бар рақибаш аз Русия, Александр Гребнев пирӯз шуд. Дар пайи анҷоми се даври панҷдақиқаии сабқат доварон пирӯзиро ба Алиев доданд.
Барои Нурулло Алиев, ки унвони қаҳрамонии Тоҷикистону Осиёро дорад, баъди танаффуси тақрибан 1,5-сола ин нахустин сабқат буд.
Баъди анҷоми сабқати Алиев ва Гребнев миёни варзишкорони дигари муҳорибаи омехта Владимир Минеев ва Магомед Исмоилов муноқиша ба амал омад, боиси занозании гуруҳӣ гардид. Ин занозанӣ бо дахолати нерӯҳои пулис бартараф карда шуд.