Шаҳри Истанбул дар нашъамандӣ рекорди ҷаҳонӣ зад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНаркопритон в Кабуле, архивное фото
Наркопритон в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Ду шаҳри Истанбул ва Адонои Туркия дар рутбаҳои дувуму сеюми масрафи маводи мухаддири ҷаҳон қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Радиои Садои Хуросон дар истинод ба матбуоти Туркия аз афзоиши шадиди масрафи маводи мухаддир дар ду шаҳри бузурги Истанбул ва Аданаи ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба гузориши ин манбаъ ду шаҳри бузурги Истанбул ва Адана дар Туркия дар ҷойгоҳи дувуму сеюми шаҳрҳои пурмасрафи маводи мухаддири ҷаҳон қарор гирифтаанд.
Матбӯоти Туркия ҳам дар рӯзҳои ахир бо ибрози нигаронӣ аз ин мавзӯъ ба баррасии вазъияти ногувори гароиш ба маводи мухаддир дар ин шаҳрҳо пардохтаанд.
Гашиш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Мусодираи зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ: шарҳи Агентӣ аз боздошту ҳабс
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар чанд соли гузашта Нию-Йорки Амрико ҳамвора муҳимтарин конуни пахшу масрафи маводи мухаддири саросар ҷаҳон буда ва навъҳои гунгуни ин мавод дар Нию-Йорк ба таври густарда масраф мешаванд.
Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ бештарин героини дунё пас аз Нию-Йорк ва бештарин марихуана низ пас аз Барселона дар Истанбул масраф мешавад.
Лентаи хабарҳо
0