https://sputnik.tj/20210406/Musodira-mavod-mukhaddir-dar-VMKB-1033139981.html
Мусодираи зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ: шарҳи Агентӣ аз боздошту ҳабс
Мусодираи зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ: шарҳи Агентӣ аз боздошту ҳабс
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон аз мусодираи миқдори махсусан калони маводи мухаддир хабар медиҳад 06.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-06T11:03+0500
2021-04-06T11:03+0500
2021-04-06T13:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
мусодира
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101415/25/1014152522_0:101:3072:1829_1920x0_80_0_0_1c4cf034c40370eaa6943e6777847b01.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар ВМКБ миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 7 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсат дар ВМКБ, дар паи баргузрории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович бо гумони даст доштан бо қочоқи маводи нашъадор дастгир намудаанд.Гумонбар сокини 39 - солаи ҷамоати деҳоти А. Замиров, деҳаи Дашт будааст.Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд.Агентӣ мегӯяд, дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси "Муаллим" миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба даст овардааст.Ҳамин тавр, номбурда бо ҷурми қочоқ ва муомилоти маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дастгир карда шуд, ва айни ҳол нисбати ӯ бо моддаҳои 200 қисми 4 банди "Д" ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Вобаста ба ин нисбати ду шаҳрванди дигар ба далели огоҳ будан аз қазия ва хабар надодан ба мақомот парванда боз шуд.Боздошти нашъаҷаллоб аз шаҳри Кӯлоб: 86 килограм маводи мухаддир мусодира шудҲамин тавр, шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Дашт ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович сокини ҳамин ҷамоат аз деҳаи Андароб мутобиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ бо моддаи 347 қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Феълан номбурдагон ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
https://sputnik.tj/20210307/Bozdosht-guruh-hoji-Ikrom-mavodi-mukhaddir-1032963822.html
https://sputnik.tj/20210204/Amlaiyot-Tajikistan-Amriko-mavodi-mukhaddir-musodira--1032757852.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101415/25/1014152522_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_e7dec3cb65cd234ed0b945f43fec6458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вмкб, мусодира, маводи мухаддир
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вмкб, мусодира, маводи мухаддир
Мусодираи зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ: шарҳи Агентӣ аз боздошту ҳабс
11:03 06.04.2021 (Навсозишуда: 13:45 06.04.2021) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон аз мусодираи миқдори махсусан калони маводи мухаддир хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар ВМКБ миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 7 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсат дар ВМКБ, дар паи баргузрории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович бо гумони даст доштан бо қочоқи маводи нашъадор дастгир намудаанд.
Гумонбар сокини 39 - солаи ҷамоати деҳоти А. Замиров, деҳаи Дашт будааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд.
"Ташхис муайян намуд, ки маводҳои мусодирашуда навъи нашъаовари "ҳашиш" буда, вазни холиси он 47кг 305гр ро ташкил дод", - омадааст дар хабарнома.
Агентӣ мегӯяд, дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси "Муаллим" миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба даст овардааст.
Ҳамин тавр, номбурда бо ҷурми қочоқ ва муомилоти маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дастгир карда шуд, ва айни ҳол нисбати ӯ бо моддаҳои 200 қисми 4 банди "Д" ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Вобаста ба ин нисбати ду шаҳрванди дигар ба далели огоҳ будан аз қазия ва хабар надодан ба мақомот парванда боз шуд.
Ҳамин тавр, шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Дашт ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович сокини ҳамин ҷамоат аз деҳаи Андароб мутобиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ бо моддаи 347 қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Феълан номбурдагон ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.