Захарова: Байден фош кард, чӣ қадар аз Русияву Чин метарсад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки Байден баҳои ҳароси Вашингтон аз Маскаву Пекинро фош кард
Президенти ИМА Ҷо Байден аз Конгресс хоҳиш кардааст, ки ба Пентагон 715 миллиард доллар ҷудо кунад, ки ба гуфтаи Вашингтон он ҳамзамон барои пешгирии таҳдидҳо аз ҷониби Чин ва Русия равонашаванда истифода хоҳад шуд, зикр шудааст дар лоиҳаи буҷа, ки дар сайти Кохи Сафед нашр шуд.

Мария Захарова-сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар робита ба ин навиштааст: "Дархости 715 миллиард долларии Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико аз Конгресс барои муқобила бо Русияву Чин, баҳои ҳароси Амрикоро фош кард".

Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон
Мария Захарова
сухангӯи вазорати хориҷаи Русия
Ӯ дар идомаи нашри паёми фейсбукияш навиштааст: "Ба содагӣ сандуқ боз шуд ва Кохи сафед қимати ҳароси худ аз Русияву Чинро эълом кард".
"Нобудии равобит бо Русияву Чин 715 миллиард доллари изофӣ ба андозсупорандагони амрикоӣ бор хоҳад кард ва ин илова бар қарзҳои давлати Амрико аст, ки дар сентябри 2020 ба 26.9 триллион доллар расида буд", - дар идома таъкид кардааст Захарова.
"Дархости президент барои соли 2022 ӯҳдадории 715 миллиард доллар ба Вазорати мудофиаи ИМА-ро дар бар мегирад. <...> Ин ҳамзамон боздории Чинро низ дар бар мегирад. Дархост ба муқобили таҳдиди Чин ҳамчун рисолати асосии Пентагон боқӣ мемонад. Вазорати мудофиа инчунин саъй хоҳад кард, ки рафтори нооромкунандаи Русияро боздорад", - гуфтааст дар ҳуҷҷат.
Человек в костюме Статуи Свободы на Таймс-сквер в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
ИМА бо таҳримот бартарияти худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
Моҳи феврал Байден зимни суханронӣ дар Конфронси Амнияти Мюнхен гуфт, ки гӯё Русия "мехоҳад лоиҳаи аврупоӣ ва эътилофи НАТО-ро суст кунад <...>, мехоҳад ваҳдати трансатлантикӣ ва тасмими моро вайрон кунад".
Кишварҳои ғарбӣ борҳо изҳор доштанд, ки Русияро таҳдид мешуморанд. Доктринаи мудофиаи Бритониё то соли 2030, ки моҳи март нашр шудааст, мегӯяд, ки ният дорад ба ҳама хатарҳое, ки Маскав эҷод мекунад, муқобила кунад.
Аввали моҳи ҷорӣ Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар суханронии худ оид ба сиёсати хориҷӣ низ Русияро ба унвони як давлати "таҳдидкунанда" шомил кард.
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Песков: Путин намегузорад, ки Амрико бо Русия аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад
Дар навбати худ, Кремл борҳо таъкид кардааст, ки кӯшиш мекунад бо ҳама шарикон муносибатҳои хуб ба роҳ монад, аммо ин ҳадафро танҳо ба даст овардан мумкин нест.
Ба қарибӣ котиби матбуотии президент Дмитрий Песков гуфт, ки мақомоти Русия ба сенарияҳои бадтарин дар муносибат бо ИМА омодаанд. Вай сиёсати Вашингтонро ғайри қобили пешбинӣ, хашин ва шадид номид.
Лентаи хабарҳо
0