https://sputnik.tj/20210330/Peskov-Putin-nameguzorad-Amriko-Rusiya-zuri-suhbat-1033102286.html
Песков: Путин намегузорад, ки Амрико бо Русия аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад
Песков: Путин намегузорад, ки Амрико бо Русия аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Кремл таъкид доштааст, ки Амрико наметавонад бо Русия аз мавқеи зурӣ сӯҳбат кунад 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T16:30+0500
2021-03-30T16:30+0500
2021-04-19T16:58+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
путин
суҳбат
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ce4372ba5e37e623baa562f5b6869f1d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия ахиран дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты" зимни шарҳи масъалаи имкони қатъи муносибатҳои дипломатӣ бо Вашингтон таъкид дошт, ки роҳбарияти олии кишвар ба Амрико намегузорад аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад. Ҳамзамон, вай қайд кард, ки Маскав сарфи назар аз тафовутҳо, муколама бо Амрикоро муҳим медонад.Дар идома Песков ба рӯзноманигорон вокуниши ахири Владимир Путин ба суханони ғайри дипломатии ахири раисҷумҳури Амрико Ҷо Байденро мисол овард. 17 март дар мусоҳиба бо ABC News ӯ гуфт, ки Путин "барои дахолат дар интихобот ба ҷавобгарӣ кашида мешавад" ва инчунин ҳамтои русашро "қотил" номид.Путин дар посух ба Байден саломатии бардавом таманно кард ва қайд кард, ки "баҳо додан ба одамони дигар ба монанди нигаристан ба оина аст". Илова бар ин, раисҷумҳури Русия Байденро ба идомаи мубоҳиса даъват кард ва таъкид дошт, ки суҳбат бояд ҳарчӣ зудтар баргузор шавад. Аммо аз ҷониби Амрико посухи ҷиддӣ дода нашуд."Моҳияти вокуниши ӯ (Путин) ба ташаббуси гуфтугӯи ошкоро вобаста буд, ки аз ҷониби амрикоиҳо беҷавоб монд. Аз нуқтаи назари мо, ҳоло мо бояд нагузорем равобит боз ҳам бадтар шавад. Ба равобит зарари хеле зиёде расидааст ва онҳоро бояд дубора барои барқарор кардан такони ҷиддӣ диҳем. Ба ҳамин хотир мо бояд гуфтугӯ кунем", - гуфт сухангӯи Путин.Песков афзуд, ки бо назардошти "шиддатнокии бесобиқа дар муносиботи дуҷониба", фаҳмидани он, ки президентҳо чигуна ва дар бораи чӣ сӯҳбат мекунанд, хеле ҷолиб хоҳад буд."Аммо дар ин ҷо, наметавон ба ҷои тарафи дувум тасмим гирифт. Рақси "Танго"-ро ду нафар мекунад", - хулоса кард ӯ.Муносиботи Русия ва Амрико чун анъана муташанниҷ ҳастанд. Дар соли 2014, муносибатҳо пас аз табаддулот дар Украина ва бозгашти Қрим боз ҳам шиддат гирифтанд.Соли 2016, пас аз интихоботи президентӣ дар Амрико, Вашингтон Маскавро ба дахолат дар интихобот айбдор кард. Русия борҳо ҳама иттиҳомотро рад кард, аммо амрикоиҳо мунтазам алайҳи шаҳрвандон, ширкатҳо ва тамоми бахшҳои иқтисод таҳримот ҷорӣ мекунанд.Муносибатҳо ахиран пас аз изҳороти Байден дар ВАО боз харобтар шуд. Русия сафираш дар Амрико - Анатолий Антоновро барои машварат ба Ватан даъват кард.
https://sputnik.tj/20210319/ima-Bayden-Putin-qazab-1033035106.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_48e73f1942f71d0785aa727f546b2069.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, путин, суҳбат, амрико
ҳамаи хабарҳо, дар русия, путин, суҳбат, амрико
Песков: Путин намегузорад, ки Амрико бо Русия аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад
16:30 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:58 19.04.2021) Кремл таъкид доштааст, ки Амрико наметавонад бо Русия аз мавқеи зурӣ сӯҳбат кунад
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия ахиран дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты" зимни шарҳи масъалаи имкони қатъи муносибатҳои дипломатӣ бо Вашингтон таъкид дошт, ки роҳбарияти олии кишвар ба Амрико намегузорад аз мавқеи зурӣ суҳбат кунад.
"Ин ғайриимкон аст. Амрикоиҳо ҳоло такрору ба такрор мегӯянд, онҳо, бо ҳама кишварҳо аз мавқеи зурӣ ҳарф мезананд. На Путин ва на касе дигар аз раҳбарияти Русия намегузоранд, ки амрикоиҳо ё нафари дигар бо Русия чунин сӯҳбат кунанд. Ин масъала ғайриимкон аст", - таъкид дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Ҳамзамон, вай қайд кард, ки Маскав сарфи назар аз тафовутҳо, муколама бо Амрикоро муҳим медонад.
Дар идома Песков ба рӯзноманигорон вокуниши ахири Владимир Путин ба суханони ғайри дипломатии ахири раисҷумҳури Амрико Ҷо Байденро мисол овард. 17 март дар мусоҳиба бо ABC News ӯ гуфт, ки Путин "барои дахолат дар интихобот ба ҷавобгарӣ кашида мешавад" ва инчунин ҳамтои русашро "қотил" номид.
Путин дар посух ба Байден саломатии бардавом таманно кард ва қайд кард, ки "баҳо додан ба одамони дигар ба монанди нигаристан ба оина аст". Илова бар ин, раисҷумҳури Русия Байденро ба идомаи мубоҳиса даъват кард ва таъкид дошт, ки суҳбат бояд ҳарчӣ зудтар баргузор шавад. Аммо аз ҷониби Амрико посухи ҷиддӣ дода нашуд.
"Моҳияти вокуниши ӯ (Путин) ба ташаббуси гуфтугӯи ошкоро вобаста буд, ки аз ҷониби амрикоиҳо беҷавоб монд. Аз нуқтаи назари мо, ҳоло мо бояд нагузорем равобит боз ҳам бадтар шавад. Ба равобит зарари хеле зиёде расидааст ва онҳоро бояд дубора барои барқарор кардан такони ҷиддӣ диҳем. Ба ҳамин хотир мо бояд гуфтугӯ кунем", - гуфт сухангӯи Путин.
Песков афзуд, ки бо назардошти "шиддатнокии бесобиқа дар муносиботи дуҷониба", фаҳмидани он, ки президентҳо чигуна ва дар бораи чӣ сӯҳбат мекунанд, хеле ҷолиб хоҳад буд.
"Аммо дар ин ҷо, наметавон ба ҷои тарафи дувум тасмим гирифт. Рақси "Танго"-ро ду нафар мекунад", - хулоса кард ӯ.
Муносиботи Русия ва Амрико чун анъана муташанниҷ ҳастанд. Дар соли 2014, муносибатҳо пас аз табаддулот дар Украина ва бозгашти Қрим боз ҳам шиддат гирифтанд.
Соли 2016, пас аз интихоботи президентӣ дар Амрико, Вашингтон Маскавро ба дахолат дар интихобот айбдор кард. Русия борҳо ҳама иттиҳомотро рад кард, аммо амрикоиҳо мунтазам алайҳи шаҳрвандон, ширкатҳо ва тамоми бахшҳои иқтисод таҳримот ҷорӣ мекунанд.
Муносибатҳо ахиран пас аз изҳороти Байден дар ВАО боз харобтар шуд. Русия сафираш дар Амрико - Анатолий Антоновро барои машварат ба Ватан даъват кард.