Паёми охирини марди муттаҳам дар духтардуздӣ ва куштор

© Pixabay / ToNic-PicsЧеловек убегает, архивное фото
Человек убегает, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Марде, ки дар дуздии духтари дӯстдоштааш аз маркази шаҳри Бишкек ва куштораш гунаҳкор дониста мешавад, паёми пеш аз марг гузоштааст
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар паёми пеш аз марг Замирбек Тенизбеков, муттаҳам дар духтардуздӣ ва куштор, бо овози гиряолуд мегӯяд, бе ин духтар зиндагӣ карда наметавонад.

"Ман ӯро хеле дӯст медорам. Аммо ӯ ҳеч маро қабул надорад, ҳар қадаре, ки хоҳиш кардам. Гуфт моҳе интизор шав, шудам, боз гуфт як моҳи дигар. Аммо акнун тамом, ман дигар бовар надорам”, - изҳор доштааст мард.

Ҷасади Ойзода Қанотбекова, духтари 27-солае, ки субҳи 5 апрел дар маркази шаҳри Бишкек дуздида шуд, дар як мошин ҳамроҳ бо ҷасади эҳтимолан собиқ дӯстдоштааш пайдо кардаанд.
Духтари рабудашуда ва марде, ки бо гумони одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар дохили мошин дар наздикии Бишкек пайдо карда шуданд, хабар дода буд, хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳр.
Девушка в юбке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Духтардуздии пурмоҷаро дар маркази шаҳр: ҷабрдидаро мурда ёфтанд – видео
Духтардуздӣ дар шаҳри Бишкек, ки ба навори дурбинҳои назоратӣ афтод, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои шадид барангехт.. Ҳодиса тақрибан соати 7-и субҳ рух додааст.
Дар пайи ин қазия бархе аз сокинон истеъфои вазири умури дохилиро талаб доранд ва сарвазири Қирғизистон масъалаи сангин кардани ҷазо барои духтардуздиро ба миён гузоштааст.
Лентаи хабарҳо
0