https://sputnik.tj/20210407/duxtarduzdii-purmoaro-dar-markazi-shahr-abrdidaro-murda-yoftand--video-1035086144.html
Духтардуздии пурмоҷаро дар маркази шаҳр: ҷабрдидаро мурда ёфтанд – видео
Духтардуздии пурмоҷаро дар маркази шаҳр: ҷабрдидаро мурда ёфтанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷасадҳои духтари рабудашуда ва марде, ки бо гумони одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар дохили мошин дар наздикии Бишкек пайдо карда
2021-04-07T21:01+0500
2021-04-07T21:01+0500
2021-04-07T21:32+0500
дуздӣ
қирғизистон
ҷасад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/50/1026765012_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_00919f0d48a27a37b6564d0b82dac83a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷасадҳои духтари рабудашуда ва марде, ки бо гумони одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар дохили мошин дар наздикии Бишкек пайдо карда шуданд, хабар дод хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳр. Духтардуздӣ дар шаҳри Бишкек, ки ба навори дурбинҳои назоратӣ афтод, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои шадид барангехт. Ба гуфтаи наздикон, духтарро дӯстдоштаи собиқаш рабудааст. Ҳодиса тақрибан соати 7-и субҳ рух додааст. Аммо зуҳри 7 апрел чӯпоне ба милиса аз пайдо кардани мошин дар канори шаҳри Бишкек хабар дод, ки дар дохилаш ҷасади духтари рабудашуда ва марди муттаҳам дар одамрабоӣ будаанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, шаҳрванд Т.З., ҳангоми муноқишаи лафзӣ, духтарро буғӣ карда, сипас худкушӣ кардааст. Мақомот мегӯянд, ин қазия ҳаматарафа таҳқиқ хоҳад шуд ва аллакай ташхиси додгоҳии ҷасадҳо таъйин шудааст.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/50/1026765012_108:0:1813:1279_1920x0_80_0_0_1563db961d76231a9e3f3240a3df90eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дуздӣ, қирғизистон, ҷасад
дуздӣ, қирғизистон, ҷасад
Духтардуздии пурмоҷаро дар маркази шаҳр: ҷабрдидаро мурда ёфтанд – видео
21:01 07.04.2021 (Навсозишуда: 21:32 07.04.2021) Ҷасади Ойзода Қанотбекова, духтари 27-солае, ки субҳи 5 апрел дар маркази шаҳри Бишкек дуздида шуд, дар як мошин ҳамроҳ бо ҷасади эҳтимолан собиқ дӯстдоштааш пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷасадҳои духтари рабудашуда ва марде, ки бо гумони одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар дохили мошин дар наздикии Бишкек пайдо карда шуданд, хабар дод хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳр.
Духтардуздӣ дар шаҳри Бишкек, ки ба навори дурбинҳои назоратӣ афтод, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои шадид барангехт. Ба гуфтаи наздикон, духтарро дӯстдоштаи собиқаш рабудааст. Ҳодиса тақрибан соати 7-и субҳ рух додааст.
Аммо зуҳри 7 апрел чӯпоне ба милиса аз пайдо кардани мошин дар канори шаҳри Бишкек хабар дод, ки дар дохилаш ҷасади духтари рабудашуда ва марди муттаҳам дар одамрабоӣ будаанд.
Дар дохили мошин ҷасади шаҳрванд К.А. соли таваллудаш 1994 бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва шаҳрванд Т.З. соли таваллудаш 1985 бо захмҳои гуногуни корд буданд, - омадааст дар хабари мақомоти милиса.
Тибқи фарзияи пешакӣ, шаҳрванд Т.З., ҳангоми муноқишаи лафзӣ, духтарро буғӣ карда, сипас худкушӣ кардааст.
Мақомот мегӯянд, ин қазия ҳаматарафа таҳқиқ хоҳад шуд ва аллакай ташхиси додгоҳии ҷасадҳо таъйин шудааст.