https://sputnik.tj/20210408/rubl-evro-bonki-milli-asor-1035086945.html
Аз коҳиши рубл то болоравии доллару евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард
Аз коҳиши рубл то болоравии доллару евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Асъори миллӣ дар баробари рубл дар ҳоли тақвиятёбист, аммо нисбат ба доллар евро ҳанӯз поинравиро нишон медиҳад.
2021-04-08T09:00+0500
2021-04-08T09:00+0500
2021-04-08T12:51+0500
иқтисод
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/02/1033119451_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b01a96d4a74c5520f13e6732e33757b7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Асъори миллӣ дар баробари рубл дар ҳоли тақвиятёбист, аммо нисбат ба доллар евро ҳанӯз поинравиро нишон медиҳад. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1453 сомонӣ нишон дода шудааст.Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ арзёбӣ кард.Асъори аврупоӣ бошад, аз аввали соли 2021 пас аз якбора боло рафтан то ба сатҳи 13.2930 поин омад, аммо тайи як ҳафтаи охир майли гаронӣ дорад.Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4538 то 13.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1453 то 0.1510 сомонӣ муқаррар кардааст.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1485 - 0,1510 сомонӣ муқаррар шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1510 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1465 то 0,1530 сомонӣ нишон дода шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорадБонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
https://sputnik.tj/20210407/bonk-tojikiston-15-million-vazir-1034677797.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/02/1033119451_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_51815f8f6129dfe395ff0f703f1932ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, бонки миллӣ, рубл, сомонӣ, доллар, евро, қурби асъор
иқтисод, бонки миллӣ, рубл, сомонӣ, доллар, евро, қурби асъор
Аз коҳиши рубл то болоравии доллару евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард
09:00 08.04.2021 (Навсозишуда: 12:51 08.04.2021) Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар пояи нишондодҳои ҳафтаи ахир рубл ба таври назаррас коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Асъори миллӣ дар баробари рубл дар ҳоли тақвиятёбист, аммо нисбат ба доллар евро ҳанӯз поинравиро нишон медиҳад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1453 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ арзёбӣ кард.
Асъори аврупоӣ бошад, аз аввали соли 2021 пас аз якбора боло рафтан то ба сатҳи 13.2930 поин омад, аммо тайи як ҳафтаи охир майли гаронӣ дорад.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4538 то 13.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1453 то 0.1510 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1485 - 0,1510 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1510 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1465 то 0,1530 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.